Баландии Рухакбаландӣ дар ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд, ки давоми баландии Деҳмой буда, то истгоҳи р. о. Хуҷанд тӯл мекашад.

Баландиаш аз с. б. 400–450 м, аз ҳамвории гирду атроф 100–150 м. Сатҳаш нисбатан ҳам­вор. Асосан аз регсангу конгломератҳои давраи неоген таркиб ёфта, бо хоки дурушти хокистарранг пӯшида шудааст. Баландии Рухакро сою ҷариҳо бурида мегузаранд. Дар он беш­тар гиёҳҳои биёбонӣ (явшон) мерӯянд. Баландиҳои Деҳ­мой, Исфисор ва Рухакро якҷо «Кӯҳи Рухак» мегӯ­янд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш