Баланит
Балани́т (юн. bálanos, ғилофаки олати таносул[1]) — газаки пӯсти сари олати таносули мардон. Одатан, бо илтиҳоби баргаки дохилии ғалафа ҳамроҳ мешавад. Дар чунин мавридҳо онро баланопастит меноманд. Баланит дар сурати танг будани ғалафа (фимоз) ва ғун шудани қатраҳои пешобу смегма (шираи ғилофаки нара) пайдо шуда, аксаран ба уретрит, диабети қанд ва дигар бемориҳо якҷо инкишоф меёбад.
Баланит | |
---|---|
Ихтисос | Мезроҳпизишкӣ |
МКБ-10 | N48.1 |
---|---|
МКБ-9 | 607.1 |
DiseasesDB | 1229 |
MedlinePlus | 000862 |
eMedicine | emerg/51 |
MeSH | D001446 |
Аломатҳои беморӣ
вироишҲангоми баланит сари олати таносул сӯзиш ва хориш мекунад. Аломатҳои мазкур хусусан баъди пешобронӣ шиддат меёбанд. Пӯсти сари олати таносул ва ғалафа варам карда, сурх мегардад, сатҳи онро реш фаро мегирад, аз сӯрохи он фасод меояд; баъзан уқдаҳои лимфавии қадкашак калон мешаванд. Дар мавриди газаки шадид алоқаи ҷинсиро бояд қатъ кард.
Табобат
вироишХудсарона нӯги олати таносулро кушода, ба он доруҳои гуногун молидан ё пошидан мумкин нест, зеро боиси паҳн шудани газак ва пайдоиши гангрена мегардад. Ҳатман ба духтури уролог муроҷиат кардан лозим аст. Ҳангоми фимоз ба амалиёти ҷарроҳӣ даст мезананд.
Пешгирии беморӣ
вироишБо риояи қоидаҳои тозагӣ ва муолиҷаи саривақтии фимоз метавон баланитро ҷилавгирӣ кард. Пеш аз хоб ва пагоҳӣ аъзои ҷинсиро бо оби ширгарму собун шустан лозим аст. Дар одамоне, ки хатна карда шудаанд, Б. ба мушоҳида намерасад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Советский энциклопедический словарь / Гл. ред. А.М. Прохоров. — 4-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1988. — 1600 с.
Адабиёт
вироиш- Оперативная урология. М., 2003;
- Урология. М., 2005.
Сарчашма
вироиш- Баланит / Ҳ. Ёров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи венерология аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |