Венерология
Венерология — яке аз бахшҳои илми тиб, ки пайдоиш, роҳҳои паҳн гаштан, ташхису аломатҳои бемориҳои зуҳравиро таҳқиқ ва усулҳои пешгирию табобати босамари онҳоро муқаррар месозад.
Венерология ба гигиенаи иҷтимоӣ, гинекология, дерматология, терапия, невропатология, психология, педиатрия ва дигар илмҳо алоқаманд аст. Рушду инкишофи бактериология дар асри 19 ба Венерология бунёди илмӣ гузошт.
Дар Тоҷикистон аввалин пажӯҳишҳо дар соҳаи Венерология соли 1941 баъди ташкил ёфтани кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон анҷом ёфтанд. Дар ин ҷода олими варзидаи тиб профессор А. Я. Прокопчук саҳми назаррас гузоштааст. Пажӯҳишҳои баъдии олимони ҷумҳурӣ асосан ба ҳалли масъалаи таъсири вараҷа ба инкишофи сифилиси асаб, қобилияти заҳроба (токсин)-ро безарар гардондани ҷигар ҳангоми гирифторӣ ба сифилис, вогирии трихомониаз ва ғ. равона шуда буданд. Олимони тоҷик бори аввал барои муолиҷаи сифилис усули истифодаи лимфотропии доруҳоро истифода намуданд. Дар пешрафти венерология дар ҷумҳурӣ олимони намоён Б. Р. Раҳматов, С. И. Исҳоқов, Е. Т. Исоева, П. Т. Зоиров, М. С. Исоева, Р. Дадабоев, Ҳ. Ҷ. Усмонова, О. И. Қосимов, Ф. А. Қиёмов ва дигарон саҳми назаррас гузоштанд.
Нигар низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Венерология / М. Исоева // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.