Балла́да (окс. balada/ballada, аз balar рақс кардан, арғушт рафтан) — навъҳои гуногуни шеъру мусиқӣ, ки ҳиссиёту ҳаяҷони шоир ва оҳангсоз, таассуроти ботинии онҳоро аз мушо­ҳидаи ҳаёту воқеаҳои табиат ва муҳити иҷтимоӣ дар бар мегиранд.

Таърих

вироиш

Баллада бори нахуст дар адабиёти халқҳои романизабони асрҳои миёна (Фаронса, Итолиё, Испания) пайдо шудааст ва навъе аз сурудҳои лирикии рақсии нақарот­дор мебошад. Баъдтар Б. аз ҷиҳати шаклу мазмун тағйир ёфта, аз садаи 13 шеърҳои хурди сужетдори дорои маз­мунҳои афсонавӣ, таърихӣ ва қаҳрамонӣ дошта низ номи Б.-ро гирифтанд. Мас., сурудҳои халқии англисӣ дар бораи Робин Гуд як навъ Б. мебошанд; дар адабиёти дарбории садаҳои 14–15-и Фаронса шеърҳои лирикии бесужетро Б. номидаанд. Минбаъда Б. аз маъмултарин жанрҳои намояндагони адабиёти мактабҳои адабии сентиментализм ва романтизм Р. Бёрнс, С. Колриҷ, Р. Саути (Англия), Ф. Шиллер, И. Гёте, Ҳ. Ҳейне (Олмон) ба шумор мерафт.

Б. хусусан дар назми садаи 19-и рус, дар эҷодиёти В. А. Жуковский («Людмила», «Светлана» ва ғайра), А. С. Пушкин («Достони Олеги дилогоҳ»), М. Ю. Лермонтов («Киш­тии ҳавоӣ») фаровон истифода шудааст. Дар адабиёти шӯравии рус беҳтарин намунаи Б.-ро Н. С. Тихонов («Қиссаи пакети кабуд», «Қиссаи мех»), Э. Багритский («Шаби охирин», «Марги пионердухтар») офаридаанд, ки дар онҳо васфи ҷавонмардию қаҳрамонӣ ва далерию шуҷоатмандӣ бештар мавқеъ дорад. Б. тавассути эҷо­диёти М. Турсунзода ба адабиёти шӯравии тоҷик дохил гардид. «Қиссаи Ҳиндустон» аввалин намунаи Б.-и назми шӯравии тоҷик мебошад. Силсилаи шеърҳои ҳин­дус­тонии М. Турсунзодаро баъзан қисса ҳам меноманд, чунки дар онҳо ҳам хусусиятҳои Б. (таассуроти сафари Ҳин­дустон, ҳиссиёту ҳаяҷони шоир аз зиддиятҳои ҷам­ъи­ятии он) ва ҳам қисса (тасвири манзараҳои дилфиребу зисту зиндагии мардумони одии он ва тасвири беш аз пеш авҷ гирифтани зиддиятҳои иҷтимоӣ) ба ҳам омадаанд. Дар адабиёти муосири тоҷик Б. дар эҷодиёти М. Қаноат («Ки­тобҳои захмин») ба назар мерасад.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш