Балоғати ҷинсӣ
Балоғáти ҷинсӣ — давраи ба балоғат расидани организм, яъне пайдо кардани қобилияти афзоиш. Давраи балоғати ҷинсии одамро давраи қадрасӣ ё булуғ ҳам меноманд. Ташаккули ғаризаи ҷинсӣ (шаҳват) дар давраи балоғати ҷинсӣ хеле шиддат меёбад. Дар ин айём духтарон бори аввал ҳайз мебинанд; дар писарон эҳтилом (ихроҷи нутфа ҳангоми хоббинӣ) рӯй медиҳад.
Давраи балоғати ҷинсӣ
вироишТағйирот дар организми писарон
вироишДар давраи балоғати ҷинсӣ зери таъсири ғадудҳои усораи дохилӣ тамоми организм тағйир меёбад: сабзиши босуръат, пайдо шудани аломатҳои дуюмини ҷинсӣ, дар рӯю тани писарон сабзидани мӯй, ғафс гаштани овоз ва ғайра;
Тағйирот дар организми духтарон
вироишДухтарон дар натиҷаи дар зери пӯст ғун шудани чарбу (аввал дар рону сурин) ҷисман пурра, ғадудҳои сина ва устухони косашон калон мешаванд. Духтарон нисбат ба писарон зудтар ба балоғат мерасанд. Аз рӯйи ҳисоби акселератсия (инкишофи босуръати организм) балоғати ҷинсии духтарон бояд аз 12-14-солагӣ сар шуда, дар 16-18-солагӣ ба охир расад; он дар писарон аз 13-15-солагӣ оғоз ёфта, дар 16-18-солагӣ анҷом мепазирад.
Оғози балоғати ҷинсӣ
вироишМуҳлати оғози балоғати ҷинсӣ ба омилҳои гуногун, аз қабили хусусиятҳои ирсӣ, шароити зиндагӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ, саломатӣ, хӯрок, иқлим ва ғайра низ вобаста аст. Шароити номусоид (зиндагии душвор, хӯроки камғизо, бемориҳо ва ғайра) боиси боздошт ё номувофиқатии инкишофи ҷисмонию рӯҳӣ мегардад. Тағйироти организм дар давраи балоғати ҷинсӣ фақат ба дигаргуниҳои шаҳвонӣ вобаста нест. Дар ин вақт рӯҳияи наврас ва фаъолияти силсилаи асабҳои ӯ низ тағйир меёбад, яъне баробари тағйири танзими гормонҳо ва инкишофи ҷисмонӣ рӯҳияи наврасон низ дигар мешавад. Дар ҷараёни балоғати ҷинсӣ ба ном шуури ҷинсӣ ташаккул меёбад, яъне наврас ба кадом ҷинс тааллуқ доштанашро мефаҳмад, рафторашро ба мақсаду талаботи одобу ахлоқи ҷамъият мувофиқ месозад. Дар ин давра ба ҷинси муқобил шавқ пайдо шуда, байни наврасон муносибати хос ташаккул меёбад (ошиқии беғараз — афлотунӣ). Танҳо баъди балоғати ҷинсӣ эҳсоси махсуси шаҳват ва фаъолияти ҷинсӣ ба вуҷуд омада, шуури болиғи ҷинсӣ ташаккул хоҳад ёфт.
Аломатҳои умумии балоғати ҷинсӣ
вироишЯке аз хусусиятҳои муҳимми инкишофи ҷисмонии давраи балоғати ҷинсӣ ихтилоли муваққатии таносуби бадан аст. Дасту по нисбат ба ҷисм тезтар инкишоф меёбанд. Бинобар ин ҳаракатҳои наврас дурушт мешаванд. Ӯ ин «камбуд»-ро дарк карда, ба он махсус диққат медиҳад, дар натиҷа ҳаракатҳо бештар ночаспон мегарданд. Қувваю вазни мушакҳои писарон бошиддат зиёд мешавад (вазни мушакҳо аз рӯзи таваллуд то 8-солагӣ фақат 4 %, дар 2-3 соли давраи балоғати ҷинсӣ ба ҳисоби миёна 12 % меафзояд). Дар ин давра ба андоми писарон, тарзи дар курсӣ нишастани онҳо эътибор додан лозим аст, то ин ки ҳангоми навиштану хондан каҷшавии сутунмуҳра пешгирӣ карда шавад. Дар баробари ин, наврасон пайваста машқ мекунанд. Инкишофи узвҳои дарунӣ аз сабзиши устухонбандӣ ва мушакҳо ақиб мемонад. Чунончи, рагҳои хун нисбат ба дил зудтар инкишоф меёбанд, дар натиҷа фишори хун баланд ва кори дил каме вазнин мегардад. Дар ин давра сарбории организм афзуда, нақси кори дил, чарх задани сар, сианоз (кабуд шудани ранги пӯст), сард гаштани дасту по, дарди сар, хастагӣ падид меоянд. Хусусан хулқу атвори наврас тағйир меёбад. Аз ҳисоби таассуроту ҳиссиёти нав рӯҳияи наврас ғанӣ, худ серҳаракат, эҳсосот ноустувор ва кайфият пурихтилоф мешавад. Эҳсосоти баланд якҷо бо дилсахтӣ, шармгинии тавъам бо беодобии намоишкорона рух менамоянд. Нобоварию назари танқидӣ ба чизҳои маъмул, тоқатнопазирӣ ба насиҳати волидайн хосси наврасон аст. Дар ин давра як навъ ҳолати ба невроз монанд, хашмгинӣ, гирёнчакӣ (дар духтарон, хусусан айёми ҳайз) ба мушоҳида мерасанд. Падару модар ва омӯзгорон бояд ба наврас муносибати дуруст ва ғамхорона кунанд. Моҳият ва мафҳуми биологии ин тағйиротро ба онҳо мулоим фаҳмондан лозим аст. Наврас дар ин давра бояд дар шахси волидайн ва омӯзгорон дӯстонеро бинад, ки ба онҳо такя карда метавонад. Дар ин синну сол роҳи дурусти тарбия ҳамин аст, ки наврасон ба фаъолият ҷалб ва аз ҳиссиёти ҷинсӣ дур нигоҳ дошта шаванд. Дар давраи балоғати ҷинсӣ ҷисман муътадил инкишоф ёфтани наврас басо муҳим аст. Барои ин ба хӯрду хӯрок (он бояд серғизо бошад) ва машғулиятҳои ҷисмонии ӯ бояд эътибори махсус дода шавад. Агар дар духтарон баъди 13-солагӣ ва дар писарон баъди 14-солагӣ аломатҳои ҷинсии дуюмин ба мушоҳида нарасанд, пас, сухан аз боби таъхири балоғати ҷинсӣ меравад. Дар ин гуна ҳолатҳо ба духтури эндокринолог муроҷиат кардан лозим аст.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Балоғати ҷинсӣ / М. Т. Алиев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.