Балхаш (шаҳр)
Балха́ш (қаз.: Балқаш) — шаҳр дар вилояти Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон.
Шаҳр | |||
қаз.: Балқаш | |||
|
|||
46°50′34″ с. ш. 74°58′39″ в. д.HGЯO | |||
Кишвар | Қазоқистон | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таъсис | 1932 | ||
Масоҳат |
|
||
Баландии марказ | 440 ± 1 м | ||
Минтақаи замонӣ | UTC+6:00 | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | |||
Номи қавмӣ | балхашӣ, балха́шиҳо | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Нишонаи почта | 100300—100316 | ||
Дигар | |||
Ҷоизаҳо | |||
balkhash.gov.kz/ru/ | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷуғрофиё
вироишДар соҳили кӯли Балхаш, дар халиҷи Бертис, 380 км дуртар аз Қарағанда ҷойгир аст. Аҳолиаш бо сокинони атрофи он 77396 нафар (2012).
Иқтисод
вироишБалхаш яке аз марказҳои муҳимми саноати филиззоти рангаи Қазоқистон аст. Соли 1937, баъди сохтани Комбинати металлургияи кӯҳии мисгудозӣ бунёд ёфтааст. Дар ҳудуди Балхаш 400 корхона, аз ҷумла, комб-ҳои консерваи гӯшту моҳӣ, масолеҳи бинокорӣ, заводдҳои механикӣ, Комбинати металлургии Иттиҳодияи истеҳсолии «Балхашцветмет», з-ди коркарди филиззоти ранга (асосан ба коркарди хӯлаи мис сарукор дошта, талаботи сиккахонаҳоро таъмин месозанд), корхонаҳои саноати хӯрокворӣ («Балхашнон», «Балхашсут») фаъолият доранд. Тангаҳои Қазоқистон, Россия, Олмон ва Ҳиндустон маҳз аз масолеҳи заводи коркарди филиззоти рангаи Балхаш сикка зада мешаванд. Соли 1967 миси Балхаш дар Намоишгоҳи байналмилалии Лондон намунаи аълои миси ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Илм ва фарҳанг
вироишДар Балхаш, инчунин, Донишкадаи марказии технология ва менеҷменти Қазоқистон, омӯзишгоҳи тиббӣ, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, боғи ботаникии АИ Қазоқистон, аэропорт, 36 муассисаи таълимӣ, 10 кӯдакистон, омӯзишгоҳи касбии техникӣ, 8 меҳмонхона барои 180 ҷой (бузургтаринашон «Алпина» ва «Жемчужина»), китобхона, тарабхонаҳо, маҷмааҳои варзишию тандурустӣ мавҷуданд.
Гардишгарӣ
вироишДар Балхаш мавзеъҳои саёҳатию туристӣ зиёданд, аз ҷумла, мавзеи Бектой-Ота минтақаи истироҳатии машҳур аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Балхаш // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.