Балхӣ — навъе аз сохтмони гунбазшакл, ки асоси чоркунҷа дорад ва хиштҳо аз кунҷҳо моил чида мешаванд.

Ин сабки меъморӣ шояд аз ихтирооти ҳунармандони Балх бошад, ки балхӣ ном гирифтааст. Тоқҳои балхӣ дар охири садаи XI пайдо шудаанд: Масҷиди Деггарон (Бухоро, садаи XI). Мақбараи Муҳаммади Башоро (Панҷакент, асрҳои 11–12), ҳуҷраҳои Мадрасаи Куҳна (Ҳисор, садаи 18) ва ғ. Тарҳи балхӣ бо усули аз чор кунҷи бино моил чидани хиштҳо сохта мешавад. Нахуст хиштро дар кунҷи бино ба шакли равоқча мечинанд, сипас ба андозаи калон шудани равоқ моилии хиштҳо тадриҷан кам шуда, хиштчинӣ дар поин шакли рост мегирад (расми 1 в) ва ҳар бахш ба сатҳи борики эллипсӣ табдил меёбад. Чор кунҷ дар васати деворҳои хонаҳо шабеҳи арча бо ҳам васл шуда, дар тарҳ ба шакли мураббаъҳо зуҳур мекунанд (расми 1 а). Гоҳе қисми болоии тоқи балхӣ ҳамвор сохта мешавад, ки онро тоқи оинашакл гӯянд. Ин гуна тоқҳо дар мақбараҳои Муҳаммади Башоро ва Ишратхона (Самарқанд, садаи 15) дида мешаванд. Баъзе тоқҳои сарбастаи балхӣ аз чаҳор ё ҳашт рӯяи каҷхатта таркиб ёфтаанд. Намунаи чунин тоқҳо дар корвонсаройҳои Дояхотун (Марв, садаҳои 11–12) сохта шудааст.

Адабиёт

вироиш