Мақбараи Муҳаммади Башоро
Мақбараи Муҳаммади Башоро — ёдгории меъмории асрҳои XI – XIV дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент.
Дар болои марқади донандаи машҳури ҳадисҳо Хоҷа Муҳаммади Башоро (782/783 – 866) бино ёфтааст.
Мақбара мураккабсохт буда, аз се гурӯҳи хонаҳои дарунбадарун иборат аст. Дар қими мобайнӣ толори гунбазпӯш воқеъ аст, ки он дар чор тараф равоқҳои калон дорад ва қадимтарин ҷузви ёдгорист. Қисми мобайнӣ деворҳои ғафс дорад ва дар мағзи ин деворҳо ҳуҷрачаҳо ҷойгиранд, ки сатҳи фаоши онҳо гуногун аст. Равоқи рост ба хонаи гунбазпӯше мебарад, ки дар он меҳроб буда, равоқтоқ чун ҳошияи меҳроб хидмат мекунад. Меҳроб ба шакли тоқи нӯгтез сохта шуда, ба нимсутунҳои қиррадор такя мекунад. Меҳроб аз гили хом буда, кандакории он аз хатти кӯфӣ ва нардҳои баҳампечидаи рустанӣ иборат аст. Равоқтоқи тарафи чапи толор ба хонаҳои гурӯҳи шимолӣ мебарад, ки он аз се хонаи пасиҳам иборат буда, ба намуди як хонаи дарозрӯя сохта шудааст. Қисми мобайнии он бо гунбаз ва ду қисми дигар бо равоқ пӯшонида шудааст. Ин гурӯҳи хонаҳо аз тарафи намои асоссӣ даромадгоҳи алҳида доранд. Худи равоқтоқ аз се қисм иборат буда, як қисмат бо гунбази “балхӣ” ва ду қисмаш бо равоқи одӣ пӯшонида шудааст. Дар паси равоқтоқи асосӣ боз як хонаи дарозрӯя ҳаст. Ки боми ҳамвор дорад. Ба гурӯҳи тарафи рости хонаҳо аз кунҷи ҷанубу ғарби толори мобайнӣ роҳ ҳаст. Ин гурӯҳ аз ду хонаи гунбазпӯш ва ду хонаи равоқпӯш иборат буда, тамоми сатҳи се хонаро сағонаи азиме ишғол кардааст. Гунбази толори асосӣ болои равоқтоқҳои зикршуда ва тоқҳои одӣ устувор аст. Дар кунҷҳояш низ тоқчаҳо дорад. Девори толор бо гаҷ андова шудааст. Бино дар аввал масҷид будааст, ки нишонаи он меҳроб мебошад. Дертар масҷидро ба мақбара табдил додаанд. Солҳои 1342 – 43 намои асосии биноро бо пештоқ оро додаанд. Ин пештоқ намунаи олии санъати кандакорист. Дар кандакорӣ шабака ва равоқчаҳои майдаи ҳаводаро зебоии биноро афзудаанд. Гурҷҳо ва ҳошияҳои даромадгоҳи асомсӣ бо нақшу нигори олии услуби гиреҳ ва катибаҳои хатти насх ва кӯфӣ оро ёфтаанд. Дар мақбара якчанд қабр ҳаст, ки онҳо дар дахма ҷойгиранд ва дар боло вобаста ба тартиби ҷойгирии онҳо дар хонаҳои гуногун сағонаҳо сохта шудаанд. Беҳтарини онҳоду сағонаи кошикории зебо дар долони байни толр ва гурӯҳи чапи хонаҳо ва як сағона дар хоначаи кунҷакии ҷанубӣ мебошад, ки аз санг буда, кандакории нафис ва катибаҳо дорад. Мақбара яке аз беҳтарин намунаҳои ёдгории меъмории тоҷик мебошад.[1] Мақбара ҳоло филиали Осорхонаи таъриху кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент аст.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Мақбараи Муҳаммади Башоро(тоҷ.). www.tdc.tj. 19 Январ 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)