Балқарҳó (карач.-балк малкъарлыла, таулула[8]) — мардуми туркзабон, муқими қисми марказии Қафқози Шимолӣ, аҳолии бумӣ ва асосии Қабардаву Балқар.

Балкарцы
Номи қавмии ҳозира малкъарлыла, таулула
Шумора ва густара
Всего: Шаблон:Рост ок. 125 000 (2010, оценка)

 Русия:
 112 924 (Перепись 2010)[1]

Шаблон:Country data Казахстан: 2 300[2]

Шаблон:Country data Киргизия: 1 900[3]

 ИМА: 3-5 тыс. чел.[4] (Оценка 2010)

 Украина: 206 [5]

 Ӯзбекистон:  700 (оценкa 2016)[6]
Описание
Забон Карачаево-балкарский
Дин ислам (суннизм)
Ҷузъе аз Туркҳо
Хешовандон карачаевцы
Пайдоиш тюрки, аланы, кавказские племена
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шумораи аҳолӣ

вироиш

Шумораи дар Русия 112,9 ҳазор нафар (2010), аз онҳо дар Қабардаву Балқар 108,6, ки 12,7 % аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Ҳисса мувофиқан ба ноҳияҳои Қабардаву Балқар дар барӯйхатгирии соли 2010:

Ноҳия Ҳиссаи балкарҳо, %
Эльбрусский МР 69,5
Черекский МР 64
Чегемский МР 20
УМИ Нальчик 16,9
Зольский МР 6

Ҳамчунин, теъдоди нисбатан ками балкарҳо дар Қазоқистону Қирғизистон сукунат доранд. Балкарҳо аслан аз халқиятҳои камаҳолӣ мебошанд: балқарҳо (дараи Балқар), бизингиҳо (болооби дарёи Черек), ҳоланҳо (поиноби дарёи Черек), чеғемҳо (дараи Чеғем) ва урусбиҳо (дараи Баксон).

Этногенез

вироиш

Этногенези балкарҳо дақиқ муайян нашуда, муҳаққиқон тахмин кардаанд, ки балкарҳоҳо дар натиҷаи омезиши қабилаҳои таҳҷойии Қафқози Шимолӣ ва қабоили муҳоҷири эронию турк (аланиҳо, булғориҳо, хазарҳо, қипчоқҳо) ташаккул ёфтаанд. Ҳамчунин, балкарҳо бо халқиятҳои ҳамсоя – қарочаҳо, осетинҳо, қабардаҳо, гурҷиҳо ва сванҳо муносибати дӯстона дошта, дар ин замина омезиши этникӣ ҳам ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҷуғрофияи ҷоигиршавӣ

вироиш

Балкарҳо дар баландтарин мавзеъҳои кӯҳии Қафқоз – дар кӯҳдоману дараҳои Қафқози Марказӣ, қад-қади водии дарёҳои Малка, Баксан, Чеғем, Черек ва резобҳояшон зиндагӣ кардаанд. 

Ба забони қарочаву балқарӣ, ки мансуби оилаи забонҳои туркист, гуфтугӯ мекунанд, вале лаҳҷаҳои гуногун доранд. Забони русӣ низ дар муошират аст. Хатту алифбои эшон то ибтидои садаи XX арабӣ (аз соли 1924 то 1926 алифбои арабии мутобиқкунонидашуда, аз соли 1926 то 1936 лотинӣ), аз соли 1937 кириллӣ мебошад.

Таърих

вироиш
 
Қафқоз, дар нимаи дуюми XI.

Балкарҳо аз садаи XIX дар ҳайати Россия мебошанд. Соли 1944 балкарҳоро иҷборан ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон муҳоҷир кунонда, соли 1957 иҷозати баргаштан доданд. Соҳаҳои асосии анъанавии хоҷагидории балкарҳо чорводорӣ, зироатпарварӣ ва сабзавоткорист. Шуғли қисме аз аҳолӣ моҳутбофӣ, намадмолӣ, чакманбофию мӯзадӯзӣ мебошад. Шоири маъруф Қайсин Қулиев аз чеғемҳои Қабардаву Балқар буда, дар Тоҷикистон обрӯву маҳбубияти тамом дорад, шеърҳояш ба тоҷикӣ тарҷумаву чоп шудаанд.

Эътиқодмандон пайрави мазҳаби ҳанафии исломанд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Окончательные итоги Всероссийской переписи населения 2010 года. 22 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 апрели 2020.
  2. Kazakhstan - People Groups. Balkar // Joshua Project. A ministry of the U.S. Center for World Mission.
  3. Kyrgyzstan - People Groups. Balkar // Joshua Project. A ministry of the U.S. Center for World Mission.
  4. Борлакова Ф.А. Карачаево-балкарская диаспора в ИМА // Научные проблемы гуманитарных исследований. — 2008. — № 15. — С. 9—15.
  5. Всеукраинская перепись населения 2001 года. Распределение населения по национальности и родному языку. Государственный комитет статистики Украины. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 августи 2011.
  6. Country: Uzbekistan. Joshua Project.
  7. "Соматологически карачаевцы и балкарцы относятся к кавкасионской расе северокавказских популяций" Источник: ИЭА Российской академии наук, Фундаментальный том серии "Народы и культуры" - "Карачаевцы. Балкарцы", стр.24, 2014, М.: Наука, 2014, - стр. 815. (в пер.) ISBN 978-5-02-038043-1
  8. «Этнонимы и племенные названия Северного Кавказа», Год: 1973, Автор: Волкова Н. Г., Издательство: «Наука» (Главная редакция восточной литературы, г. Москва), стр. — 87

Адабиёт

вироиш

Сарчашма

вироиш