Бандина
Бандина дар токдорӣ — масолеҳест, ки барои ба хавоза бастани тана ва навдаву хадраи ток истифода мешавад.
Лифи зирфун, навдаи бед, пӯстлохи хадраи туту фундуқ, ғеша, илғай, най, пояи ҷавдор, юнучқа, зағир, лифофаи сӯтаи ҷуворимакка ва ғ., инчунин канаб, латта ва плёнкаи полиэтилениро чун Б. истифода мебаранд. Б.-ро бо мақсади мулоиму устувор шуданаш қабл аз истифода тар мекунанд. Саноат барои бастани ток ашёи гуногун (ҳалқа, даста, сими коғазпеч) мебарорад. Дар баъзе мамлакатҳо танаву шохҳои токро ба тасмаи пластмассӣ мебанданд. Вобаста ба тарзи бастан (хушк ё тар), талабот ба Б. гуногун аст. Аснои хушкбандӣ тана, шохаҳои бисёрсола, дастакҳои ғафс ва навдаҳои борвар ба сим ё сутун баста мешаванд. Дар мавриди тарбандӣ навдаву хадраҳои сабзро мебанданд. Дар давраи нашв навдаҳоро, одатан, 2–3 бор мебанданд: бори аввал қабл аз гул, вақте ки навдаҳо аз симтаноби дувум гузаштаву қисми ба тана наздикашон сахт мешавад (дарозиашон 40–50 см); бори дувум – вақте ки навдаҳо аз симтаноби севум мегузаранд (дарозиашон 75–80 см); бори севум навдаҳоеро мебанданд, ки аз нашв ақиб мондаанд. Навдаҳоро 1–2-тоӣ озод бастан лозим аст. Дар асари нодуруст бастани онҳо имконияти ҷабидани моддаҳои ғизоӣ коҳиш ёфта, хӯшагулҳо гардолуд намешаванд ва ҳосил кам мегардад. Ба хавоза бастани шоху навда имкон медиҳад, ки ток аз таъсири шамол ва нигоҳубин осеб наёбад. Бастани ток боиси нашву серҳосилӣ мегардад, хадраҳои сабзро аз сармо муҳофизат мекунад, ба пайдоиши касалиҳои занбӯруғӣ монеъ мешавад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бандина // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.