Навда — яке аз узвҳои асосии рустаниҳои дараҷаи олист, ки аз поя, барг ва муғча иборат аст.

Барфи тар дар навдаҳои дарахт

Навда дар ҳаёти рустанӣ мақоми хосе дорад. Ҳар як қисми он вазифаи муайянро иҷро мекунад. Муғча сабзиш ва афзоиши нашвии рустаниро таъмин менамояд; барг вазифаи фотосинтез ва транспиратсия (бухоркунӣ)-ро иҷро мекунад; поя узви такягоҳ аст. Навдаи рустаниҳои яксола такягоҳ як мавсим, Навдаи раста­ниҳои бисёрсола ҳар сол месабзад. Навдаи дар давоми як даври рушд сабзидаро элементарӣ ва дар муддати як сол сабзидаро солона меноманд. Аз якчанд навдаҳои солона Навдаи бисёрсолаи скелетӣ ба вуҷуд меояд. Шаклгирию расиши навда ду давраро дар бар мегирад: эмбрионалӣ ё дохили муғчагӣ (узвҳои нави навда ибтидо меёбанд) ва постэмбрионалӣ ё берун аз муғча (аз узвҳои навсабзида Навдаи нав пайдо мешавад). Вобаста ба рафти сабзиш навда ортотропӣ (ба боло ё ба поён), плагиотропӣ (уфуқӣ ё хамида) ва анизотропӣ (тағйирёбанда; бештар дар гиёҳҳо) меша­вад.

Ба ғайр аз навдаи муқаррари дар рустаниҳо навдаҳои гуногуни шаклашон тағйирёфта (ниг. Метаморфоз), ки хусусиятҳои махсуси биологӣ доранд, низ ҳосил мешаванд. Шаклҳои ҳаётии рустаниҳо ба гуногунии навъҳои навда вобастаанд ва ин гуногунии навъҳо дар ҷараёни таҳаввули дурудароз ба шароитҳои гуногуни ҳастӣ мутобиқшавии рустаниҳо ба вуҷуд омадааст.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш