Банҷ
Банҷ, базрулбанҷ, шайтонкоса (лот. Hyoscýamus níger) — гиёҳи дусола, мансуби авранҷиҳо.
Белена чёрная | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Hyoscyamus.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Hyoscyamus niger L., 1753 | ||||||||||
Мутародифот | ||||||||||
По данным Каталога жизни[en](англ.) [1]:
|
||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишБаландиаш 20-125см. Пояи рост, сершоҳ, барги байзашакл ё нештаршакли дарозрӯя, гули сафеди зардтоб, ғӯзаи кӯзачашакли сертухм,мудаввар ё гурданамои бӯртоб ё сиёҳ дорад. Аз апрел то сентябр гулу мева мекунад. Гиёҳи басо зарҳнок ва бадбӯй, ҳамчун алафи бегона дар боғу киштзор, заминҳои бекорхобида,наздикии истиқоматгоҳ,канори роҳ,марғзору буттазор ва ғ, месабзад. Банҷи хурдрӯй дар Европаи Миёна,кишварҳои Скандинавияю Баҳри Миёназамин, Балкану Осиёи Хурд Эрон,Муғулистону Хитой ва СССР (қисми Европой, Қрим, Кавказ, Сибири Ғарби ва Шарқи, Шарқи Дур, Осиёи Миёна) паҳн шудааст. Ба Америкаи Шимоли ва Австралия низ бурдаанд.Ҳамчун гиёҳи дустор ва баъзе кишварҳои Европа ва СССР (Украина, вил.Воронеж) мекоранд. Дар ҶШС Тоҷикистондар ҳама ҷо (ғайри Помири Шарқи) паҳн шудааст.
Хосиятҳои шифоӣ
вироишБарги Б. ҷуъзи таркибии доруи астматол ва астматин буда, дар амалияи тибби муосир барои муолиҷаи зиққи нафас ва ғ. истифода мешавад. Банҷ алкалоидҳои заҳрноки гиосциамин, атропин ва скополамин дорад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Информация о виде : Hyoscyamus niger L.. catalogueoflife.org. 2 феврали 2020 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Банҷ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.