Барабан (итол. Tamburo — мембрафони зарбӣ) — сози мусиқии зарбии маъмул.

Танааш резонанскунанда буда, шаклан ба салла шабоҳат дорад. Ба чамбараш аз ду тараф пӯст кашида шудааст. Бо чӯбакҳо навохта мешавад. Садои барабан баландии муайян надорад ва вобаста ба зарб баланду паст садо медиҳад.

Таърих

вироиш

Аз замонҳои қадим ҳамчун сози махсуси размию базмӣ, инчунин барои ҷӯршавӣ ва тантанаҳо, рақсҳо, намоишҳои ҷангӣ ва маросимҳои динӣ истифода мешавад. Мувофиқи баъзе маълумот барабан сози шарқӣ буда, ҳангоми юриши салибдорон (асрҳои 11-13) аз сарзаминҳои Шарқи Наздик ба Аврупо бурда шудааст. Сипас дар сарзамини рус бо ташаббуси Пётри Кабир маъмул гаштааст. Минбаъд барабан ороиш ва мавқеи нав ёфт. Дар оркестрҳои ҳозиразамон ду навъи барабан — барабани калон ва барабани хурд (ҳарбӣ) истифода мешавад. барабани калон, одатан, бо кӯбаки нарми калон навохта мешавад ва садояш пасти хиррӣ аст. Чамбари барабани хурд нисбатан камбар буда, аз рӯйи пӯсти тарафи поён барои ларзиши садо торҳои филиззӣ мекашанд. барабани хурдро бо ду кӯбак (онҳоро махсус метарошанд) менавозанд. Ин соз якчанд шакл дорад. Ҳангоми навохтан дар оркестри нафасӣ мавриди қадамзании сипоҳиён барабани хурдро ба тасма баста, то зиҳи миён ба гардан меовезанд. Дар ҳайати оркестри опера ва симфонӣ дар садаи XIX ворид карда шудааст. Ҳоло барабан дар гурӯҳҳои ҷазӣ яке аз созҳои ритмикии асосӣ маҳсуб мешавад. Дар гузашта байни мардуми Шарқи Миёна ва Наздик барабани калон бо номи табл ва барабани хурд бо номи табира машҳур буд.

Нигористон

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Должанский А. Краткий музыкальный словарь. Л., 1964;
  • Музыкальный энциклопедический словарь. М., 1990.

Сарчашма

вироиш