Баракат (бозор)
«Баракат» (номи пештарааш Путовский) — бозори болопӯшидаи маҳсулоти кишоварзӣ ва яке аз бозорҳои машҳури Тоҷикистон, ки миёни мардум бо номи «Бозори Путовский» маъруф буд[1].
Масоҳати умумиаш 3,5 га фаро гирифта, беш аз 1000 нуқтаи яквақтаи савдо, 5 амбори захираи маҳсулот, 5 ошхона, 3 коргоҳи нонпазӣ, 10 дӯкони фурӯши гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 3 дорухона, 13 мағоза, 5 сартарошхона дошт. Баракат соли 1974 сохта шуда буд. Дар қабати дуюми он нуқтаҳои чаканафурӯшӣ ва мағозаҳои либосворӣ ҷой доштанд. Баракат дар масоҳати 90х90 м аз оҳану бетон бунёд гардида буд. Баракат аз рӯйи услуби меъмории бозорсозӣ яке аз зеботарин бозорҳои Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ба шумор мерафт ва то соли 2011 фаъолият дошт. Дар ҷои бинои он эъмори театри миллӣ дар назар аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Театри миллӣ бисёрсоҳавӣ хоҳад шуд(тоҷ.). www.news.tj. ASIA-Plus. 9 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 Январ 2017.
Сарчашма
вироиш- Баракат / Ш. Тошева // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.