Барандаи ҷоиза, ҷоизадор, лауреат (аз лот. Laureatus) — шахсе, ки ҷоизаи давлатӣ ё байнулмилалӣ барои хадамоти барҷаста, дастовардҳо дар тавлидот, фанноварӣ, илм ва ғайра, ҳамчунин пирӯзӣ дар озмунҳо (умдатан ҳунар) дарёфт кардааст.

Тоҷгули лаурелӣ бар сари Веспасиан, дар сикка.

Дар озмунҳои мусиқавии ҳозира унвони лауреати конкурс бо қарори ҳакамон («жюрӣ») одатан, ҳамон иҷрокунандагоне соҳиб мешаванд, ки 6-7 ҷои аввалро ишғол мекунанд.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ/зери назари Б. Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 210. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)