Бараҳмания
Бараҳмания (санскр. браҳман) — дини қадимаи ҳиндувон, ки дар ибт. ҳазораи 1 то м., дар заминаи инкишофи дини ведоӣ, ба вуҷуд омадааст.
Дар изадкадаи (пантеон) он Худоҳои маҳаллии қабилаҳои гуногун, ақидаҳои анимистию тотемистӣ, унсурҳои бутпарастӣ ва диг. нишонаҳои динҳои ибтидоии аҷдодӣ мушоҳида мегардад. Б. аслан номи Худои ведоӣ ва дорои се қувваи бузурги офариниш, бақо ва тахрибкорӣ буда, дар фалсафаи Ҳинди Қадим нақши муҳим бозидааст.
- Брахма – Худои бузург,
- Вишнуи валинеъмат (раббуннавъи некӣ) – амиру ҳофизи коинот ва
- Шива (раббуннавъи бадӣ) – харобкунандаи мавҷудот мебошад.
Баробари ин қувваҳо, худоёни дувуминдараҷа низ дар Бараҳмания, шабеҳи Индира (худои осмон), Аҷнӣ (худои оташ), Савра (худои Офтоб) амал мекунанд. Браҳма ҳақиқати қудсӣ, ягона, мукаммал ва воҷиб аст. Онро ҳамчун холиқи рӯҳи ҷаҳон бо илму эҳсосу амал (таҷриба) дарк намудан мумкин аст, аммо холиқи коинот нест. Коинот мувофиқи таълимоти Бараҳмания, мисли дарахте, ки аз тухм месабзад, аз вуҷуди ҳақиқати ягона сар мезанад ва монанди дарахт олам вуҷуди вусъату иртиқоёфтаи Брахма аст. Чун дар тамоми коинот рӯҳи Брахма мавҷуд аст, коинот айни Брахма ва Брахма айни коинот аст. Хаёли одамӣ – ваҳма онҳоро аз ҳам ҷудо сохта, якеро холиқу дигареро махлуқ, якеро сабабу дигареро натиҷа арзёбӣ мекунад, вагарна ҳар дуи онҳо як чизанд.
Як донишманди ҳиндӣ рукнҳои асосии таълимоти Бараҳманияро чунин баён кардааст:
Ба фикри бараҳманиён рӯҳи одамӣ аз рӯҳи илоҳӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, фарқе надорад. Касе ба худ эътимод надорад, мулҳид ва кофир аст. Бараҳмания олами аносир (моддӣ)-ро ҳақиқати аслӣ намедонад ва муътақид аст, ки бо риёзат кашидан, пушти по задани неъматҳои дунявӣ ва решакан кардани ахлоқи разила ба дараҷаи камол (мокша) расидан мумкин аст.
Дар масъалаи рӯҳ Бараҳмания таносухро қоил аст. Рӯҳ мустақил аз ҷасад вуҷуд дошта, пас аз ҷудо шудан аз ҷисм ё ба олами малакут ва ё ба дӯзах рафта, боз ба замин бармегардад. Агар он аз олами малакут омада бошад, ба ҷисми Худоён ва браҳманҳо (табақаи рӯҳониён ва аристократҳо) дохил мешавад ва агар аз дӯзах баргашта бошад, ба тани табаҳкорону муфсидон ва ҳайвоноти газандаю зараровар дохил мешавад. Дар ин ҷо масъалаҳои насх, фахс ва масх ҷой доранд.
Бино ба таълимоти Бараҳмания барои он ки рӯҳ (нафс) ба дараҷаи ниҳонии камол бирасад, даври комил (баробар ба 24 млн сол) лозим аст. Дар ин муддат рӯҳ софу беолоиш мешавад ва ба олами ҷабарусӣ вуҷуд карда, ба саодати абадӣ ноил мегардад. Ба ибораи дигар, ҷараёни сайру сулуки Б. аз чаҳор марҳила иборат аст, ки дар марҳилаи аввал солики браҳманӣ ба худ муршид интихоб намуда, фарзу суннатҳои диниро ба ҷо меоварад. Дар марҳилаи дувум ба қироати дуо ва суруду ниёишу муноҷот мепардозад, дар марҳилаи сеюм солик аз хонаю зиндагӣ даст кашида, ба риёзат мепардозад ва дар марҳилаи чаҳорум ба дараҷаи фано мерасад. Оини Бараҳмания аз тиловати дуо, ибодати мунтазам, риёзату қурбонӣ ба даргоҳи Брахма, хайру эҳсон ва муроқибату тарбияи фарзандон иборат буда, зулму ҷаҳл, дурӯғу дуздӣ, зиною таносоӣ ва бадандешӣ мазаммат гардидаанд. Он ҳиҷоб гирифтани занонро рад карда, ҳуқуқи занон бо мардонро баробар эълон кардааст.
Бараҳмания ҳамчун дини ҷамъияти ибтидоӣ ба табақаҳо тақсим шудани ҷамъиятро муқаддас ва як амри Худо мепардозад. Бараҳмания дар натиҷаи дини нави буддоия тадриҷан мавқеи худро аз даст дод ва дар ибт. ҳазораи 1 м. дар мубориза бо буддоия ва дар зери таъсири он ба ҳиндуия табдил ёфт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Радхакришнан С. Индийская философия. Т. 1–2. М., 1956–57; Степанянц М. Т. Восточная философия. М., 2001; عبدالعظیم رضای. اصل و نسب. تهران، ۱۳۷۲ هـ. ش
Сарчашма
вироиш- Бараҳмания / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.