Ҳиндуия
Ҳиндуия — яке аз динҳои сернуфузи миллӣ мебошад.
Таърих
вироишҲиндуия дар миёнаи ҳазораи яки солшумории мелодӣ, яъне асрҳои IV-VI дар империяи Гупта ба амал омадааст. Ҳиндуия арабишакли калимаи форси Ҳинду /дарёи Инд/ мебошад. Ҳиндуия дар асоси дини бараҳмания пайдо шудааст. Ва дини бараҳмания худои Браҳмаро, ки холиқи ҷаҳон аст, парастиш менамояд. Дар баробари Браҳма худоён: Вишну /муҳофизи олам/ ва Шива /харобкори олам/ парастида мешаванд, ки ба қавли муҳаққиқон салосаи муқаддаси ҳиндуия - тримуритиро ташкил медиҳанд.
Асоси таълимот ҳиндуия дар Ведаҳо баён шудааст. Он аз чор маҷмӯа иборат мебошад: Ригведа /маҷмӯаи сурудҳои асотирӣ/, Самаведа /маљмӯаи дастурот доир ба маросимҳо/, Яҷурведа /маҷмӯаи қоидаҳои қурбонӣ/ ва Атхарваведа /маҷмӯа дар бораи қоида ва дуоҳои сеҳрангез/. Яке аз аслҳои муҳими ҳиндуия таълимот дар бораи сапсара /аз санскрит саёҳат, кишваргардӣ/ аз нав тавалудшавӣ, таносухи руҳ мебошад. Руҳ метавонад аз инсон ба рустанӣ, ҳайвон ва баръакс мутобиқи қонуни карма /аз санскрит - амал, вазифа/ гузарад. Ҳар кас мувофиқи амалаш мукофот мегирад, вобаста ба он, ки то чӣ андоза талаботи ҳиндуияро иҷро мекунад. Мақсади асосии ҳаёти инсон аз рӯи таълимоти ҳиндуия дарёфти гузариш аз таносух гузариш ба васл бо Браҳма - руҳи ҷаҳонӣ, нафси кулл мебошад.
Ҷуғрофияи дини Ҳиндуия
вироишҲиндуия дар замони муосир дар Ҳиндустон, Непал, Бангладеш ва берун аз қитъаи Осиёи Ҷанубӣ: Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ, Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ, ИМА, Канада, Аврупо, Австралия, Зеландияи Нав, ҷазираҳои Бали ва Ява паҳн шудааст.
Муфассал нигаред:
Пайвандҳо
вироиш- The US State Department’s International Religious Freedom Report 2006
- CIA FactBook Бойгонӣ шудааст 12 сентябри 2009 сол.
- Adherents Бойгонӣ шудааст 3 феврали 2012 сол.
- Religious Freedom
- Census
- Afghanhindu Бойгонӣ шудааст 5 марти 2019 сол.
- Hindu Students Council Бойгонӣ шудааст 26 апрели 2009 сол.
Эзоҳ
вироишСарчашмаҳо
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |