Барги зулф
Барги зулф (лот. Plantago major), гӯши хар, асфағул, забони барра, занбарак, зуф, зуфтурум, филгӯш — навъе аз гиёҳҳои бисёрсола.
Барги зулф | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Plantago.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Plantago major L. | ||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишТо 60 см қад мекашад. Пояи кӯтоҳ, барги байзашакл (аз бехи поя месабзад), гули майдаи бӯртоб дорад. Аз май то охири сентябр гул мекунад. Дар боғу киштзор, заминҳои партов, канори ҷӯй ва чашмасорон месабзад.
Хосияти шифоӣ
вироишБарги зулф гиёҳи шифобахш аст. Дар тибби мардуми Чин 3 ҳазор сол қабл баргу тухми барги зулф-ро барои табобати беморон кор мефармуданд. Бино ба маълумоти Абуалии Сино вараҷа ва дарди гӯшро (агар шираи барги онро ба гӯш чаконанд) рафъ менамояд. Реша, тухм ва барги он қабзияти ҷигар ва гурдаро мекушояд, баргаш хунравиро боздошта, захмҳои кӯҳнаро шифо мебахшад. Абуалии Сино бо барги зулф ҳар гуна варам, захму ҷароҳат, нуқсонҳои ҷигар, гурда, узвҳои нафас, реши рӯда, варами чашм, дарди дандон ва обхӯраро табобат мекард.
Бино ба маълумоти «Махзану-л-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн шираи барги зулф-ро ҳангоми сил, вараҷа, хунпартоӣ, захми меъда, зиқи нафас, инчунин саръ истифода мебаранд. Шираи барги зулф кори ҷигар, гурда, сипурзро тақвият бахшида, қабзияти онҳоро рафъ месозад, ҳазми ғизоро беҳтар мекунад. Агар бо ҷӯшоби барг ё решаи барги зулф даҳонро чайқонанд, дарди дандон ва сӯзиши даҳон нест мешавад, хунравии вораҳо қатъ мегардад. Дар тибби халқӣ барги тару тозаи зуфро чун воситаи хунбанд (ҳангоми ҷароҳатҳо) истифода мебаранд. Бо ҷӯшоби барги тару тоза ва тухми он исҳоли хунин ва бемориҳои меъдаву рӯдаро муолиҷа менамоянд (2 қошуқ тухми онро дар ним истакон оби ҷӯшонида меандозанд ва баъди ним соат менӯшанд). Ҷӯшоби решаи барги зулф таб-ларзаро бартараф месозад. Хокаи тухми онро ҳангоми исҳоли музмин, назлаи (катари) меъда, исҳоли хунин кор мефармоянд, хокаи баргашро ба захм мепошанд.
Корбурд дар тибби муосир
вироишДар амалияи тибби муосир нақеъ ва шираи барги зулф барои табобати бемориҳои меъдаву рӯда (газак, энтероколит, энтерит), халаҳои шадиду музмин ва бемориҳои захмӣ истифода мешавад. Доруи «палантаглюзид», ки аз барги зулф тайёр мекунанд, дар муолиҷаи илтиҳобу реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ба кор меравад. Нақеъ, ҷавҳар, шира ва ҷӯшоби барги зулф давои хуби бемориҳои узвҳои нафас, сурфакабутак, сили шуш ва нефрити музмин мебошанд. Қиёми барги он хосияти таскинбахшӣ дошта, фишори хунро мефарорад; шираи баргаш барои муолиҷаи реши қарнияи чашм давои хуб аст.
Нигаред низ
вироиш
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Барги зулф / М. Ҳоҷиматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Ковалёва Н. Г. Лечение растениями. М., 1972;
- Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их применение. М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
- Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989.