Баргпечакҳò (Tortricidae ё Olethreutidae) — як оилаи шапалакҳо.

Баргпечакҳо
Acleris sparsana
Acleris sparsana
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Tortricidae Latreille, 1803
Tortrix viridana
Zeiraphera isertana
Bactra lancealana
Rhyacionia pinicolana

Тавсифот

вироиш

Ба бисёр зироат ва дарахтони мева зарар мерасонанд. Баданашон бо мӯяк пӯшида шудааст. Дарозии болҳои кушодаашон 10–12 мм. Болҳои пешашон якранг, болҳои қафояшон ало. Беш аз 30 намуди баргпечакҳо ба буттаву дарахтони мева зарар мерасонад, масалан, Peronea variegana (ба барги нок, дарахтони меваи донакдор, дӯлона, садбарг, ирғай ва ғайра), Cacoecia rosana (ба дарахтони себ, олу, зардолу, буттамева, садбарг, сафедор ва сада), баргпечаки сабз (барг ва гулмуғҷаи дарахтони меваро маҳв мекунад), баргпечаки қот (ба дарахтони меваи донакдор, садбарг, зирк, дӯлона, қот ва ғайра), баргпечаки муғҷа (муғҷа, барг ва меваи себ, биҳӣ, бодомро нест мекунад), Carpocapsa grossana (асосан ба чормағз зарар мерасонад), мевахӯраки себ, мевахӯраки олу, баргпечаки хӯшаи ток, баргпечаки ангур ва ғайра. Бахусус зарари баргпечаки хӯшаи ток ва баргпечаки ангур зиёд аст.

Баргпечаки хӯшаи ток

вироиш

Андозаи баргпечаки хӯшаи ток 10–12 мм буда, болҳои пешаш сафеди холдор, болҳои қафояш якранги хокистарист. Тухмаш (0,5–0,7 мм) зарди ҷилодор. Дарозии кирминааш 12 мм, рангаш сабзи кушод. Дар шароити Тоҷикистон соле 3–5 маротиба насл медиҳад. Зочааш (дарозиаш 5–7 мм) қаҳваранг буда, зимистонро дар даруни пилла (дар зери пӯстлох, ҷойҳои кафидаю ковокиҳои танаи ток, зери баргҳои афтода ва ғайра) мегузаронад. Баҳорон дар даҳаи дуюми апрел дар водиҳои ҷумҳурӣ аз чунин пиллаҳо шапалакҳои насли якум мебароянд. Онҳо баъди 3–5 шаборӯзи пайдоиши ғунчаҳои гул тухм мегузоранд (пас аз 7–10 шаборӯз аз онҳо кирмина баромада, ғунча, гул ва ғӯраи ангурро мехӯранд). Кирминаҳо тақрибан 20 шаборӯз инкишоф ёфта, сонӣ дар хӯшагул ба зоча табдил меёбанд. Дар водиҳои ҷумҳурӣ шапалакҳои насли якум даҳаи дуюми июн ба парвоз сар карда, дар ангури ғӯра тухм мегузоранд. Кирминаҳои аз тухм баромадаи насли дуюм баъди 14–17 шаборӯзи инкишоф ба зоча мубаддал мешаванд. Шапалакҳои насли дуюм даҳаи дуюми июл пайдо мешаванд. Кирминаҳои насли сеюм асосан ба ангури нимпухта осеб мерасонанд. Шапалакҳои насли сеюм даҳаи дуюми авг. ба парвоз сар карда, баъди 3–4 шаборӯз тухм мегузоранд. Кирминаи насли чорум ангури пухтаро хӯрда, 12–15 шаборӯз инкишоф меёбад. Кирминаҳо хусусан ба токзори водиҳои Вахшу Ҳисор ва вилояти Суғд зарари калон мерасонанд. Аз онҳо бештар навъҳои ангури ғужбаш ҷафс зарар мебинад. Як кирмина дар тӯли ҳаёти худ 3–9 ғужби ангурро нобуд карда, баъд ба зоча табдил меёбад.

Баргпечаки ангур

вироиш

Андозаи баргпечаки ангур 12–16 мм аст; болҳои пешаш зарди кушод, рахҳои дорчинии сиёҳтоб дорад; болҳои қафояш дорчинии хокистарранг. Тухмаш хокистарранги зардча, дарозрӯя. Кирминааш сабзи кушод, сурхи қирмизӣ; зочааш дорчинии кушод (дарозиаш 7–8 мм). Ду маротиба насл медиҳад. Дар тарқишҳои пӯстлох зимистон мегузаронад. Шапалакаш баҳорон (ҳангоми 15–160С шудани гармии ҳаво) ба парвоз медарояд. Модинааш 60–90-то тухм мегузорад (аз онҳо баъди 6–10 рӯз кирминаҳо мебароянд). Кирминаҳои насли якуми он ғунча ва ғӯраи ангурро мехӯранд. Кирминаҳои насли дуюм ғужби ангури пухтаро сӯрох карда, боиси зуд пӯсидани он мегарданд. Барои тухмгузории баргпечакҳо намии ҳаво бояд аз 60% кам набошад. Дар сурати расидани нурҳои офтоб ва 38–400С будани ҳарор. ҳаво дар тӯли як соат 26–47 фоизи тухми баргпечакҳои ток нобуд мешавад. Бинобар ин, ҳангоми шинондан ё ба хавоза бардоштани ток ин омили муҳимро ба назар гирифта, кӯшидан лозим аст, ки ба навдаҳо офтоб бештар расад.

Тадбирҳои мубориза

вироиш

Тадбирҳои мубориза: тирамоҳу зимистон аз баргу навдаҳои афтида тоза кардани гирду атрофи дарахтони мева ва кундаҳои ток; бурида партофтани навдаҳои хушкида, аз пӯстлохи куҳна тоза кардани танаи дарахтон; тирамоҳ шудгор кардани хоки байни қаторҳо, ҳангоми парвози саросари шапалакҳо ва аз тухм баромадани кирминаҳо ба боғот пошидани инсектитсидҳо ё ба ҳар га дарахту токзор пошидани 3–5 кг энтобактерин ва диндронсиллин. Пеститсидҳоро ҳангоми мевабандӣ истифода мебаранд. Ҳамаи корҳои дорупоширо 30 рӯз пеш аз ғунучини ҳосил қатъ кардан лозим аст.

Адабиёт

вироиш
  • Вредные животные Средней Азии. М.–Л., 1949;
  • Липецкая А. Д., Рузаев К. С. Вредители и болезни виноградной лозы. М., 1958;
  • Принц Я. И. Вредители и болезни виноградной лозы. М., 1962;
  • Вредители и болезни сельскохозяйственных культур Таджикистана. Д., 1968;
  • Асриев Э. А. Комплексная защита виноградников. Симферополь, 1983;
  • Справочник по защите растений. М., 1985.

Сарчашма

вироиш