Баргузи́н (бур. Баргажан мγрэн) — дарё дар Ҷумҳурии Мухтори Бурятистон.

Баргузин
бур. Баргажан мγрэн
Баргузин ба ҳангоми рехтан ба кӯли Байкал
Мушаххасот
Тӯл 480 км
Ҳавза 21 100 км²
Сарфи об 130 м³/с
Ҷараёни об
Сарчашма  
  Мавқеъ Қаторкӯҳи Искат
  Баландӣ 2050 м
  Координатаҳо 55°05′41″ с. ш. 111°50′52″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ Байкал
  Мавқеъ халиҷи Баргузин
  Баландӣ 456 м
  Координатаҳо 53°25′30″ с. ш. 108°59′50″ в. д.HGЯO
Мавқеъ
Системаи обӣ Байкал → Ангара → Енисей → Баҳри Кар

Кишвар Русия
Минтақа Бурятия
Рӯйхати оби Русия
16040000212116300003961
Рамзи ҳавза 16.04.00.002
Рамзи ТҲ 116300396
Ҷилди ТҲ 16 (нашр 3)[1]
Баргузин (Русия)
резишгоҳ
— сарчашма, — резишгоҳ
Баргузин
дар Викианбор

Мушаххасот

вироиш

Дарозиаш 480 км, масоҳати ҳавзааш 21 100 км2. Саргаҳи Баргузин аз нишебаҳои қ-кӯҳҳои Икат ва Муйи Ҷанубӣ оғоз шуда, аз хамии Баргузин ҷорӣ мешавад ва ба кӯли Байкал мерезад. Баъди дарёи Селенга ва Ангара аз ҷиҳати ҳаҷми резиши об ба дарёи Байкал дар ҷойи сеюм меистад. Манбаи асосиаш борон. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳ 130 м3/с. Шохобҳои асосиаш: аз чап Гарга, Аргада, Ина; аз рост Улюн. Киштигардӣ дар Баргузин то истгоҳи Могойто (226 км) мунтазам, аз он болотар то резишгоҳи Гарга (249 км) номунтазам аст. Бори аввал соли 1928 киштии дарёгарди Муассисаи давлатии киштигардии Селенга «Баргузин» 59 мусофир ва 5 тонна борро кашонда буд. Оби Баргузин барои обёрӣ истифода мешавад. Дар Баргузин моҳиҳои дарёии шӯртан, карас, зағорамоҳӣ мавҷуданд.

Нигористон

вироиш
  1. Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 16. Ангаро-Енисейский район. Вып. 3. Забайкалье / под ред. В. И. Зильберштейн. — Л.: Гидрометеоиздат, 1966. — 159 с.

Сарчашма

вироиш