Бардара
Бардара — деҳа, маркази ҷамоати деҳоти Басиди ноҳияи Рӯшон. Дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Дастамбӯй» ҷойгир аст. Аз Бардара то маркази ноҳия 108 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 513 нафар (2012), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | ВМКБ |
Ноҳия | Рӯшон |
Ҷамоат | Деҳоти Басид |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 513 тан (2012) |
Миллият | тоҷикон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 |
|
Иқтисод
вироишБардара мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нерӯгоҳи барқии хурд, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, клуб ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз оби дарёчаи Бардара обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бардара // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.