Бардеҳ
Бардеҳ — деҳа, маркази ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон. Дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Нури нав» ҷойгир аст. Аз Бардеҳ то маркази ноҳия 57 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 431 нафар (2012), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | ВМКБ |
Ноҳия | Рӯшон |
Ҷамоат | Деҳоти Пастхуф |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 431 тан (2012) |
Миллият | тоҷикон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 |
Иқтисод
вироишБардеҳ мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ: зироаткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳр обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бардеҳ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.