Барзунома
«Барзунома» (форсӣ: برزونامه) — достони ҳамосиест, ки тақрибан дар асри 11 таълиф шуда, ба қалами Хоҷа Амиди Атоӣ ибни Яъқуб маъруф ба Атоии Розӣ нисбат дода мешавад.
«Барзунома» достонҳову ривоятҳои зиёдеро роҷеъ ба хонадони Рустам, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ба онҳо таваҷҷуҳ накардааст, дар бар мегирад. Асли достон шарҳи паҳлавонӣ ва корномаҳои Барзу аст, вале дар атрофи ин достон достонҳои марбути он ҷамъ оварда шудаанд. «Барзунома» ба шаклу услуб ва вазни «Шоҳнома», аз рӯйи манбаъҳои қадим, ривояту қиссаҳои мансуру манзум ва эҷодиёти лафзии халқ эҷод шудааст.
Мувофиқи маълумоти муҳаққиқи фаронсавӣ Жул Мол дар байни китобҳое, ки Анкетил Дюперрон аз Ҳиндустон оварда будааст, достони «Барзунома» шомили 65 ҳазор байт вуҷуд доштааст, вале асли достон гӯё тақр. 70 ҳазор байт будааст. Аммо дар феҳристҳои мавҷудаи Китобхонаи миллии Фаронса ду нусхаи хаттии «Барзунома» тавсиф шудааст, ки ҳар ду ноқис буда, 40 ҳазор байтро дар бар мегиранд. Мундариҷаи нусхаҳои боқимондаи ҳамосии «Барзунома» чунин аст: Дар оғози достон қисмате аз достони «Рустаму Суҳроб»-и Фирдавсӣ омадааст. Сипас, чунонки Рустам бо Таҳмина шинос шуда, заношӯӣ мекунад, ба ҳамон тарз шиносоии Суҳроб бо Шаҳрӯ ном духтаре тасвир ёфтааст. Суҳроб барои фарзанди ояндааш ба Шаҳрӯ нигине дода, худ ба ҷанги эрониён раҳсипар мешавад. Қиссаи зодани Барзу, бо лашкари Афросиёб муқобили Рустам ҷангидан, гирифтор шуданаш ба банди Фаромарз, гурехтани Барзу бо ёрии модар аз зиндон, ҷанги дуюми Барзу бо Рустам ва асир афтодани ӯ, достони Савсани ромишгар, достонҳои дигари марбути Гаршосп, Золу Рустам, Фаромарзу Бонугушасп ва ҷангҳои онон ба муқобили ҷодувон ва турониёну румиён ва ғ. матлабҳоеанд, ки дар «Барзунома» омадаанд. Дар охири ин нусха аз аҳди Афросиёбу қайсари Рум дар бораи лашкар кашиданашон ба муқобили Кайхусрав сухан меравад. Дар ҳамин ҷо достони «Барзунома» хатм мешавад ва ин гувоҳ аст, ки дар ин нусха тамоми достон наомадааст.
Дар қисми «Мулҳақот»-и «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (нашри Тернер Мокон) манзумае бо номи «Саргузашти Барзу» дар ҳудуди 3500 байт омадааст, ки он қиссаи Барзуро аз замони ба лашкари Афросиёб ҳамроҳ шуда бо эрониён ҷангиданаш то замони Рустамро шинохта, ба муқобили Афросиёб набард сохтан ва рӯ ба гурез овардани Афросиёбро дар бар мегирад. Як ҷузъи ин манзума қиссаи Савсан ном ромишгари туронист, ки бо макру афсун якчанд паҳлавони эрониро ба банд оварда, мехост ба дасти Афросиёб диҳад, вале Фаромарз онҳоро халос кард. Ин ҷузъ ба шакли достони ҷудогона ба унвони «Савсаннома» низ машҳур аст. Матолиби «Саргузашти Барзу» аз мундариҷаи «Барзунома»-и бузург фарқ мекунад ва онро мунтахабе аз «Барзунома» шуморидан мумкин аст. «Барзунома» аз ҳайси забону услуб ва тарзи баёну нигориш нисбат ба дигар достонҳои ҳамосии дар тақлиди «Шоҳнома» гуфташуда ҷолиб аст. Пеш аз ҳама аз ҷиҳати истифодаи калимот ва васфу тасвирот ба «Шоҳнома» шабоҳат дорад. Ба «Барзунома» ривоятҳои динии исломӣ роҳ наёфтаанд. Муаллиф аз калимаҳои арабӣ хеле эҳтиёткорона, аз рӯйи зарурат (барои риояи қофия) истифода кардааст. Аксари ин калимаҳо ба забони форсии дарӣ дохил шуда буданд ва дар «Шоҳнома», «Гуштоспнома», «Гаршоспнома» истифода гардидаанд. Вале абёти суст (дар муқоиса ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) дар «Барзунома» ба назар мерасанд. Муаллифи «Барзунома» дар тақлиди Фирдавсӣ роҳи дурустро пеш гирифта, чанд байти «Шоҳнома»-ро тазмину татаббӯъ кардааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- صفا ذبیح الله. هماسه سرای در ایران. تهران، ۱۳۳۳ هـ. ش
Сарчашма
вироиш- Барзунома / М. Диловаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.