Достон – 1) Қисса, ҳикоят, афсона, воқеа, моҷаро, овоза, шуҳрат. 2) Як асари адабӣ, асари манзумест, ки дар он воқеаҳои муҳиму калон тасвир шуда, хусусияти лирикӣ, эпикӣ ё лирикию эпикӣ дорад. Достон аз рӯи тарзи тасвир реалистию романтикӣ ва аз рӯи мавзӯъ лирикӣ, лирикию эпикӣ, ҳамосӣ, публисистӣ, фалсафӣ ва ғ. мешавад. Мафҳуми Достони тоҷикӣ нисбат ба муродифи европоиаш - поэма васеътар буда,ҳамоса,эпос,повесту романи манзум ва ғайраро низ дар бар мегирад.[1]

Таърихи достонҳои офарида

вироиш

Достонро ҳамчун муродифи эпопея низ истифода мекунанд. «Муҳабҳарат» ва «Рамаян» -и ҳиндӣ, «Илиада» ва «Одиссея»-и Ҳомер ва «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ намунаҳои аввалини достон ба ҳисоб рафта аз силсилабандии сурудҳои лирикию эпикӣ ва ривоятҳо (А. Н. Веселовский) ва ё бо роҳи «афзудан», васеъ намудани як ё якчанд ривоятҳои халқӣ (А. Хайслер), дигаргунсозии сюжетҳои қадимӣ ва тағиротҳои аз сар гузаронидаи онҳо дар протсеси аз авлод ба авлод гузаштан (А.Лорд, М. Парри) ба вуҷуд омаданд. Достон дар давраҳои инкишофи худ бештар характери ҳамосию қаҳрамонӣ дошт. Дар асрҳои миёна доираи мавзӯъҳои достон васеъ шуда, дар адабиёти Шарқу Ғарб Достонҳои ишқи романтикӣ, лирикию эпикӣ ахлоқию фалсафӣ ва ғ.ба вуҷуд омаданд. Минбаъд достонҳои офарида шудаанд, ки масъалаҳои гуногуни ҳаёти халқро фаро гирифтаанд (мас. «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте). Дар давраи Эҳёи Ғарб дар Достон идеали ахлоқӣ ва иҷтимоии инсон мавқеъи асоси гирифта, оҳангу манзараҳои қаҳрамонӣ назар ба таҳлили дунёи ботинии инсон ба ҷои дуюм меафтад. («Байтурмуқаддаси озодшуда»-и Т. Тасо). Сюжети Достонҳои ин давра ба сюжети роман шабоҳати зиёд дорад. Дар достонҳое, ки минбаъд ба майдон омаданд, ба масъалаҳои ахлоқию таҳлилӣ психологӣ («Мессиада»-и Ф. Г. Клошток) диққати махсус дода шуда, ин гуна асарҳо унсурҳои фолклор ва материалҳои аҷибу ғариброр дар бар гирифтаанд. Ин просес бо зуҳури достонҳои романтикии Ҷ. Байрон, А. С. Пушкин ва М. Ю. Лермантов анҷом гирифт. Нимаи 2-юми садаи XIX давраи таназули жанри достон буда, вале достонсароӣ аз байн нарафтааст.

Дар Русия (достонҳои Н. А. Некрасов) ва махсусан дар Америкаи Лотинӣ , ки макони авҷи ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ буд, достон ривоҷ дошт. Дар садаи XX ба тағйироти ҷиддӣ дучор шуд. Дар он ҷанбаи лирикию маҳрамона бо масъалаҳои иҷтимою сиёсии замон омехт. В. Маяковский («Владимир Ильич Ленин», «Хуб аст!»), Б. Пастернак («соли нӯҳсаду панҷ»), А. Блок («Дувоздаҳ») ва ғ. дар адабиёти советии рус достонҳои ревалюсионии қаҳрамониро офаридаанд. Жанри достон дар адабиёти дигар халқҳо низ маъмул шуд. («Духтари кӯҳсор»-и Расул Ғамзатов, «Обҳои сиёҳ»-и Мустай Карим, «Хун ва хокистар»-и Ю. Марцинкявичус ва ғайра). Дар достонҳои солҳои 50-60 –ум ба дарёфт ва кашфи манбаҳои таърихию иҷтимоии воқеаҳо ва характерҳо бештар аҳамият дода шуд (силсилаи «Мобайни аср»-и В. Луговской, «Девор»-и Марцинкявичус, «Оза»-и А. Вознесенский). Достон имрӯзҳо дар адабиёти хориҷа низ маъмул буда, ба он намояндагони ҷараёнҳои гуногуни реалистӣ («Бозгашти аскари номаълум »-и И. Бехер, «Суруди умумӣ»-и П. Неруда ва ғайра) ва ғайриреалистӣ («Вавилон»-и П. Эмманюэль, «Назми муттасил»-и П. Элюар ва ғайра) муроҷиат мекунад.

Дар Тоҷикистон

вироиш

Достон яке аз қадимтарин шаклҳои назми форс-тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар адабиёти классикии мо навъҳои гуногуни Достон -ҳамосию қаҳрамонӣ (достонҳои «Шоҳнома»), ишқӣ («Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ), лирикию, эпикӣ («Лайлию Маҷнун»-Низомӣ), тасаввуфӣ («Ҳадиқату-л-ҳақиқа»-и Саноӣ) ва ғ. вуҷуд доштанд. Достонро дар адабиёти форс-тоҷик аз рӯи қофиябандӣ маснавӣ низ мегӯянд. Вале маснавӣ чун шакли назм метавонад дорои сюжети муайян набошад. Шакли қофиябандии маснавӣ дар Достонҳои адабиёти советии тоҷик низ идома дорад. (масалан, достонҳои М. Турсунзода ва М. Миршакар). Дар адабиёти советии тоҷик Достон чун диг. шаклҳои анъанавии назм мазмун ва сифати нав гирифт. Дар мавзӯъҳои инқилобӣ, корнамоиҳои халқи тоҷик дар роҳи сохтмони социалистӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барқароркунии хоҷагии халқ ва ғ. Садриддин Айнӣ («Ҷанги одаму об»), Абулқосим Лоҳутӣ («Тоҷ ва байрақ»), Мирзо Турсунзода («Писари ватан», «Ҳасани аробакаш»), Мирсаид Миршакар («Панҷи ноором»), Муъмин Қаноат («Сурӯши Сталинград») ва диг. Достонҳо офаридаанд. Дар солҳои охир дар шакли достонҳои тоҷик тағйироте ба амал омада, вазну қофия мувофиқи тақозои оҳангу мақсадҳои шоир интихоб мешаванд. («Мавҷҳои Днепр» ва «Сурӯши Сталинград»-и Муъмин Қаноат).[1]

Нигаред низ

вироиш

Манбаъ

вироиш
  1. 1.0 1.1 Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе. – 1980.- Ҷ 2. с.332-333.