Барзуя
Барзуя, Бурзуя, Барзвеҳ, Бурзвеҳ (форсӣ: برزویه) (асри V ё асри VI, Абаршаҳр[d] — асри VI, Сосониён) — пизишки номдор ва пешвои пизишкони Эрон дар замони Хусрави Анӯшервон, мутарҷими «Панчатантра» аз санскрит ба паҳлавӣ, ки бахше аз «Калила ва Димна»-ро ташкил медиҳад.
Таърихи таваллуд | асри V ё асри VI |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | асри VI |
Маҳалли даргузашт | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар замони Хусрави Анушервон — Хусрави аввал (ҳукмр. 531—579) зиндагӣ кардааст. Дар нусхаи арабии китоби Истахрӣ «ал-Фаросиху-л-мамолик» зодгоҳаш Абаршаҳр — Нишопур, аммо дар тарҷумаи форсии ҳамин асар Марв гуфта шудааст. Пас аз хатми таҳсили мадраса ба тиббу табобат машғул шуд. Оид ба сафараш ба Ҳиндустон ва овардани китоби «Калила ва Димна» достони афсонамонанде дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Ғурар-ус-сияр» («Шоҳнома»)-и Саолибӣ омадааст. Барзуя гӯё огоҳ гардид, ки дар яке аз кӯҳҳои Ҳиндустон гиёҳе мерӯидааст, ки агар онро ба рӯйи мурда биандозанд, мурда зинда мешудааст. Дар Ҳиндустон ин гиёҳро пайдо накард. Яке аз донишмандони пор-сои ҳинду ӯро огоҳ кард, ки «гиёҳ» сухан аст, «кӯҳ» дониш ва «мурда» нодонӣ мебошанд. Ба қавли порсои ҳинду китоби «Калила ва Димна» он суханест, ки мурдаро зинда мекунад. Барзуя барои хондани «Калила ва Димна» ба хазинаи шоҳи Ҳиндустон даромад. Китобро нусхабардорӣ кардан мамнӯъ буд. Барзуя ҳар рӯз боберо аз ин китоб ба ёд мегирифт ва бегоҳ дар манзилаш онро менавишт. Ба ҳамин тарз ӯ тамоми китобро навишт ва ба Эрон овард. Давоми афсона он аст, ки китоби овардаи Барзуяро Бузургмеҳр ба паҳлавӣ гардонд ва дар муқаддима номи Барзуяро сабт намуд. Ҳақиқат он аст, ки Бузургмеҳр вазири хирадманду доно буд, дар миёни донишмандон, аҳли фарҳанг ва мардум шуҳрати зиёде дошт, аммо дар хусуси забони санскритро донистани ӯ иттилое вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки достони «Панчатантра»-ро тарҷума кардани Бузургмеҳр достони бофтаест. Барзуя, ки пизишк буд, бо мақсади омӯзиши тибби Ҳиндустон ба ин кишвар рафт ва адабиёти санскрит, тарзи давову муолиҷаи Ҳиндиро омӯхт ва бар асоси он кор мекард.
«Панчатантра»-ро аз забони паҳлавӣ ба арабӣ бо номи «Калила ва Димна» Ибни Муқаффаъ тарҷума кард.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Барзуя / М. Диловаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.