Ибни Муқаффаъ
Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ (ар. عبدالله ابن مقفع), Рӯзбеҳ пури Додвеҳ (форсӣ: روزبه پور دادویه; тақрибан 724[1], Гӯр[d][4][1] — тақрибан 757[2][3][1], Басра[4][2][1] — нависанда ва тарҷумони осори паҳлавӣ ба арабӣ, файласуф ва мутафаккири барҷастаи эронӣ. Ӯ ба воситаи тарҷумаҳояш осори паҳлавиро ба арабӣ ворид кардаву аз марги ҳамешагӣ наҷот дод[5].
Таърихи таваллуд | тақрибан 724[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | тақрибан 757[2][3][1] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
![]() |
Зиндагинома
вироишНоми асли (эронӣ)-и ӯ Рӯзбеҳ, куняаш Абуамр аст. Баъди ислом овардан номашро арабӣ (Абумуҳаммад) кард. Аз рӯи маълумоти Ибни Надим падараш — Дозвеҳ Додбеҳ низ ислом оварда буд ва номаш ба Муборак тағйир ёфт. Дар оғози «Калила ва Димна» (тарҷумаи Насруллоҳи Муншӣ) ному куняи Ибни Муқаффаъ Абулҳасан Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ омадааст. Дозвеҳ аз омилон ва асилзодагони вил. Форс буд ва дар замони ҳукмронии Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф дар Ироқ маъмури хароҷи Форс шуд, аммо дар кори амвол норавоӣ кард ва Ҳаҷҷоҷ ӯро чандон шиканҷа дод, ки дасташ муқаффаъ (ноқису туранҷида) шуд ва баъдан тахаллуси «Муқаффаъ»-ро ба худ гирифт. Ибни Муқаффаъ аввал дар Форс, дар назди падари донишмандаш илм омӯхт. Падар ба парваришу омӯзиши Ибни Муқаффаъ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошт ва ӯро аз хурдсолӣ ба Басра бурда, бо фарҳанги эронию забони паҳлавӣ ошно кард. Дар Басра дар он рӯзгор доираҳои адабӣ ва илмӣ фаъол буданд. Ибни Муқаффаъ дар он ҷо бо муқаддамоти суханварию балоғати арабӣ ошно шуд. Баъдан дар назди донишмандони хонадони оли Аҳтам ва олимони соҳибназар — Абулҷомус ва Абулғул забони арабиро омӯхт. Пайвастагии падараш бо дастгоҳи ҳукуматии Умавиён ва забондонию донишварии Ибни Муқаффаъ сабаб шуд, ки ӯ низ ба девони ҳукумат ҷалб шавад. Ибни Муқаффаъ дар дарбори Умавиён ва Аббосиён дабир шуд ва корҳои девонро зоҳиран пеш аз соли 760 ва аввал дар хидмати (ҳокими Шопур Масеҳ ибни Ҳавор) оғоз карда буд. Сипас ба сифати дабир ба хидмати Язид ибни Умар ибни Ҳубайр, ки аз ҷониби охирин халифаи умавӣ Марвон ибни Муҳаммад ба ҳукумати Ироқ гумошта шуда буд, пайваст. Тибқи иттилои манбаъҳо, дар дарбори оли Аббос низ аввал дабир, сипас омӯзгори фарзандони амир таъйин шуд. Ӯ дар ҳамин даргоҳ ислом овардааст. Дар бораи эътиқоди динии Ибни Муқаффаъ байни ровиёну нависандагони ҳамаср ё баъди ӯ қазоватҳо гуногунанд. Абурайҳони Берунӣ ӯро зиндиқу монавӣ медонад, зеро дар тарҷумаи «Калила ва Димна» аз паҳлавӣ ба арабӣ қиссаи «Барзуяи табиб»-ро бар он афзудааст. Масъудӣ ва Нёлдеке низ қавли ӯро пазируфтаанд. Сайид Муртазо Ибни Муқаффаъ ва теъдоде аз ҳамнишинонашро ба таври ошкор зиндиқ меҳисобад. Ҳамдуллоҳи Муставфӣ низ дар «Таърихи гузида» менависад, ки Ибни Муқаффаъ бо иттиҳоми зиндиқӣ кушта шудааст. Бархе сабаби марги ӯро сиёсӣ медонанд. Сарфи назар аз эътиқодоти динӣ, Ибни Муқаффаъ-ро роҳи тайкардааш дар фараҳангу адаб ҳамчун як шахсияти намоёни иҷтимоӣ, инсони воло, пойбанди усулҳои ахлоқӣ ва нависандаву мутарҷими тавоное муаррифӣ кардааст. Ӯ тавонист, ки арзишҳои фарҳангии тамаддуни эрониро ба олами араб ошно кунад ва ҳамчун симои барҷастаи адабиёти араб номвар шавад. Насри арабии Ибни Муқаффаъ бисёр шево буд ва сармашқи сухандонону нависандагони арабинавис ва арабизабон шумурда мешуд. Тарҷумаҳояш аз беҳтарин осори адабию ахлоқии забони арабиянд. Аз ин рӯ, китобҳои Ибни Муқаффаъ дар баъзе донишгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла донишгоҳҳои кишварҳои араб баррасӣ мешаванд.
Таълифот
вироишИбни Муқаффаъ аз аввалин ва сермаҳсултарин тарҷумонҳои эронист, ки осори юнониву эрониро ба забони арабӣ баргардон кардааст. Дар фосилаи кӯтоҳи зиндагии 36-солааш ба таври шигифтангез осори зиёди арзишманде таълиф кардааст, вале мутаассифона, бештаре аз асарҳои ӯ аз байн рафтаанд. Он чӣ то имрӯз аз ӯ боқӣ мондааст, инҳоянд:
«Калила ва Димна» номвартарин асари Ибни Муқаффаъ аст, ки онро аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардон кардааст. Асли ин китоб «Панчатантара» ном дошт, ки дар рӯзгори Анӯшервон онро Барзуяи табиб аз забони санскрит ё эҳтимолан аз прокрит ба паҳлавӣ баргардон кард ва достонҳои дигаре низ аз маъхазҳои ҳиндӣ (монанди «Маҳабҳарата»)-ро бар он афзуд. Ибни Муқаффаъ низ шаш фасл ба ин китоб илова кардааст, ки ҳамаи онҳо то замони мо нарасидаанд. Маъруфтарин иловаи фасли Ибни Муқаффаъ боби «Барзуяи табиб» ва аз қавли Барзуяи табиб аст, ки бархе онро иншои худи Ибни Муқаффаъ медонанд. Аммо Нёлдеке муътақид аст, ки равиши тарҷумаи вай чунон буд, ки дар ибораҳо дахлу тасарруф мекардааст. Баъзе аз муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки Ибни Муқаффаъ забони қаҳрамонони худро ранги исломӣ дода ва бисёре аз ҷанбаҳои андешаву зиндагии иҷтимоиро, ки дар китоби «Калила ва Димна» ошкор шудаанд, бо замони худ созгор кардааст. Дар матни арабии «Калила ва Димна» (чопи Қоҳира) ин боб ба Бузурҷмеҳри Бухтагон мансуб аст. Насри тарҷумаи Ибни Муқаффаъ дар ин китоб аз намунаҳои беҳтарини насри арабист, ки зуҳури он бисёре аз андешамандонро дар ҷаҳони араб ба худ ҷазб кард. Бархе кӯшидаанд, ки онро дубора ба арабӣ тарҷума кунанд ва баъзе низ онро ба назм даровардаанд. «Калила ва Димна», аз рӯи тарҷумаи Ибни Муқаффаъ, ба забонҳои суриёнӣ, ибрӣ, юнонӣ, туркӣ ва лотинӣ тарҷума шуда, дар миёни гӯяндагони ин забонҳо паҳн гардидааст, аммо асли тарҷумаи арабии Ибни Муқаффаъ дар даст нест.
«Худойнома» ё «Хватойномак» (خْوَتایْ نامَک) муҳимтарин китобест, ки дар таърихи Эрон ба таври мустақим аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шудааст. Тарҷумаи он муҳимтарин китоби Ибни Муқаффаъ пас аз «Калила ва Димна» аст. Асли он достоне муфассал аз шарҳу воқеаҳои таърихи қадими Эрон аст, ки бо афсонаҳои миллии порсӣ даромехта, ривоёти аз таърихи суриёниҳову юнониҳо гирифташуда, шомили таърихи Эрон аз аҳди Каюмарс то замони Хусрави Парвиз ҷамъоваришуда ва аҳди Яздгурди III-ро дар бар гирифтааст. Аз ин китоби азим танҳо қитъаҳое дар матнҳои таърихӣ боқӣ мондааст. Ба навиштаи Тафаззулӣ, тарҷумаҳои «Худойнома» маъхази умдаи таърихнависони давраи исломӣ, монанди Табарӣ, Масъудӣ, Ибни Қутайба, Балозурӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ ва Саолабӣ қарор гирифт. «Худойнома»-и Ибни Муқаффаъ ба дасти мо нарасидааст. «Китобу-л-оин» рисолаест, ки дар бораи созмонҳо ва русуму одоби дарбории Сосониён навиштаҳое доштааст. Ба гуфтаи Масъудӣ, нусхаи комили ин рисола дар чанд ҳазор сафҳа дар назди мубадону бузургон ва зимомдорон буд. Ибни Муқаффаъ китоб ё бахшҳое аз онро дар аввалҳои асри 8 ба арабӣ тарҷума карда буд. Шакли комили ин тарҷума дастрас нест, аммо бахшҳое аз он дар китобҳои арабӣ, аз ҷумла «Уюну-л-ахбор»-и Ибни Қутайба омадаанд. Асари дигари Ибни Муқаффаъ «ад-Дуррату-л-ятима» аст, ки назди арабҳо чун намунаи аълои фасоҳату балоғат баҳо гирифтааст. «Рисолату-с-саҳоба» китоби кӯчак, вале бисёр муҳим дар сиёсат аст, ки Ибни Муқаффаъ онро барои халифаи давр навиштааст. Мақсади муаллиф дар нигориши он ҷалб кардани таваҷҷуҳи халифа ба ислоҳот ва инсофу дод дар ҳукуматдорӣ будааст. Ибни Муқаффаъ бо огоҳӣ аз низоми аҳди Сосонӣ дар бораи шева ва вазъи ҷамъоварии андозу молиёт, равиши додгустарӣ, доварӣ ва интихоби атрофиёни халифа, аз ҷумла ройзанон, коргузорон ва дабирон пешниҳоду супоришҳои судманд кардааст. Баъзе тахмин кардаанд, ки шояд забони сареҳи ин асар боиси ранҷиши халифа ва поёни умри фоҷиабори Ибни Муқаффаъ шуда бошад.
Рисолаи дигари ӯ — «Номаи тансар» матолиби таърихӣ ва маҷмӯи қонунҳои иҷтимоиро фаро гирифтааст, ки Ибни Муқаффаъ онро аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардонидааст. Асли паҳлавӣ ва ҳам арабии он гум шудааст. Ибни Исфандёр дар муқаддимаи «Таърихи Табаристон»-и худ тарҷумаи форсии онро овардааст. Муҳаққиқи фаронсавӣ, Дармстетер, ин номаро пас аз Авесто ва Катибаҳои Ҳахоманишӣ муҳимтарин санади таърихии Эрон мешуморад. Ӯ матни ин номаро аз рӯи нусхаи хаттии Ибни Исфандёр бо тарҷумаи фаронсавии он дар маҷ. «Журнол Азиатик» (1888) чоп кард.
Китоби «Мардак» асари дигар Ибни Муқаффаъ мебошад, ки ба шеваи «Калила ва Димна» аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардонида шудааст ва Абон ибни Абдулҳамиди Лоҳиқӣ онро ба забони арабӣ ба назм даровардааст. Ин китоб дар сарчашмаҳо бо номҳои «Марвак» ва «Маздак» ҳам омадааст. Касоне, ки номи онро «Маздак» овардаанд, таъкид кардаанд, ки он бо Маздаки рӯзгори Қубод рабте надорад. Минавӣ тахмин мекунад, ки қаринаи дурусти он «муздак» (муждак) бошад, ба маънои мужда ва башорат, ки барои номидани китобҳои динӣ муносибат доштааст.
«ал-Адабу-л-кабир» ва «ал-Адабу-с-сағир» унвони ду китоб аз осори таълифии Ибни Муқаффаъ аст. Муаллиф дар «ал-Адабу-л-кабир» аз боби сиёсату одоби муошират ва чигунагии кишвардорӣ сухан кардааст. «ал-Адабу-с-сағир» китоби ахлоқӣ ва тарбиявӣ буда, онро аввалин бор шарқшиноси фаронсавӣ Силвестер де Соси (1758—1838) соли 1816 дар Порис ва сипас соли 1825 дар Миср мунташир кард. Рихтери олмонӣ низ онро соли 1915 ба олмонӣ баргардон карда, дар Штутгарт ба чоп расонд. Ин асарро соли 1911 Аҳмади Закипошшо ва соли 1913 Муҳаммади Курдалӣ дар Қоҳира чоп карданд.
Ибни Муқаффаъ девони ашъоре бо номи «Девону-л-ҳамоса» низ доштааст.
Ба таъкиди муаллифи «Ахбору-л-ҳукамо» дар олами ислом Ибни Муқаффаъ нахустин шахс аст, ки ба тарҷумаи китобҳои мантиқ пардохт. Аҳли таҳқиқ тарҷумаҳои ӯро бисёр шево ва равону дилнишин арзёбӣ кардаанд. Ибни Муқаффаъ чанд асари Арасту, аз ҷумла «Категорияҳо» (дар юнонӣ Kategorias, дар англисӣ Categories) ба маънои «зумрабандӣ» ё «радабандӣ», хулосаи «Бори Арминиёс» (ба юнонӣ Peri Herminias ва ба англисӣ On Interpretation) ба маънои «дар тафсир», «Аналитика» (дар юнонӣ Analytika ва ба англисӣ Analytics) ба маънои «воковӣ», «Мантиқ», «Мақулот», «Таҳлилу-л-қиёс» ва «Исоғуҷи» (Isagoge)-ро (асари мутафаккири лубнонӣ Пурфири, ки даромадест бар «Категорияҳо»-и Арасту) аз юнонӣ ба арабӣ баргардон кардааст. Аз ин рӯ, Роғиби Исфаҳонӣ ӯро ҷузви ноқилони улум ном мебарад. Ибни Муқаффаъ аз нахустин афроде буд, ки ҷаҳони арабро бо илм, фалсафа ва ҳикмат ошно кард. Мутафаккироне чун Абунасари Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Мискавейҳ, Абурайҳони Берунӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мутанаббӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ ва дигарон таълимоти ахлоқию иҷтимоии ӯро инкишоф додаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 1.7 https://archive.org/details/lelivredekalilae0000unse/page/156/mode/2up — С. 1.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. Ashtiany — USA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
- ↑ 3.0 3.1 Персей — 2005. — С. 179.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 http://www.oxfordreference.com/view/10.1093/oi/authority.20110803095955486
- ↑ Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII—XV) — Д.: «Эр-граф», 2022. — 288 с. — ISBN 978-99985-0-010-5
Адбиёт
вироиш- Ибни Муқаффаъ / Н. Зоҳидӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.