Бариш Фалай

ҳунарпешаи турк

Бариш Фалай (тур. Barış Falay); тав. 9 апрели 1972, Эдремит, Боликесир, Туркия) — ҳунарпешаи турк.

Бариш Фалай
тур. Barış Falay
Ном ба ҳангоми таваллуд: Бариш Фалай
Таърихи таваллуд: 9 апрел 1972(1972-04-09) (52 сол)
Зодгоҳ: Эдремит, Боликесир, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1995-то ҳол
Самт: телевизион
синамо
IMDb: ID 2266787

Ҳаёт ва фаъолият вироиш

Бариш Фалай дар Эдремити вилояти Боликесир таваллуд шудааст ва оилаи ӯ аз Босния мебошад[1]. Ӯ шуъбаи театрии Донишгоҳи Анқараро хатм кардааст. Пас аз 2 сол дар Театри давлатии Анқара кор кардан, ӯ ба театри шаҳри Измир гузаштааст, ки дар намоишномаҳои “Üç Kuruşluk Opera”, “Misafir”, “Kamyon”, “Roberto Zucco”, “Kırmızı Yorgunları”, “Azizname”, “Barış”, “Bahar Noktası”, “Yaşar Ne Yaşar Ne Yaşamaz” ва “Karar Kimin” ҳунарнамоӣ намудааст. Ӯ намоишномаҳои Deniz Kızı Masalı” ва “Bir Yaz Gecesi Rüyası”-ро ба саҳна гузошт ва дар мактаби театр дарс медод. Баъдтар Фалай ба Театри Kocaeli Metropolitan пайвастааст[2][3].

Фаъолияти телевизионии худро ӯ дар ситкомҳои, ба монанди Tatlı Hayat, Yarım Elma ва Dadı оғоз карда, пас аз он дар силсилафилми Aliye бозӣ кардааст. Дар байни солҳои 2009 ва 2011, ӯ дар силсилафилми Ezel нақш офаридааст, ки барои он ӯ якчанд ҷоизаҳои ҳунариро ба даст овардааст. Фалай дар филми Ya Sonra нақши асосиро бозидааст. Бариш Фалай соли 2011 бо силсилафилми Al Yazmalım ба телевизион баргашт. Аз соли 2013 то 2015, ӯ дар силсилафилми телевизионии Medcezir нақши Салим Серезро иҷро кардааст.

Соли 2020 ӯ инчунин нақши марказиро дар силсилафилми "Menajerimi Ara" - и шабакаи Star TV бозидааст.

Филмнома вироиш

Силсилафилм вироиш

Сол Номгӯй Нақш
2020–2021 Menajerimi Ara Кирач Оздал
2015–2017 Paramparça Ҳорун Эргуван
2013–2015 Medcezir Салим Серез
2011–2012 Al Yazmalım Ҷамшед
2009–2011 Ezel Алӣ Қирғиз
2009 İstanbul Çocukları
2007 Çemberin Dışında Мафия
2006 Bebeğim Явуз Короғлу
2004 Karım ve Annem
2004 Aliye Муҷоҳид Гурбоға
2002 Yarım Elma
2002 Kuzenlerim Муаллим Энгин
2001 90-60-90
2001 Tatlı Hayat
2001 Bizim Çocuklarımız
2001 Dadı Шафақ
1995 Çiçek Taksi

Филм вироиш

Сол Номгӯй Нақш
2011 Ya Sonra Ҷем
2008 Şeytanın Pabucu Ниёзӣ
2008 Kirpi Ҷилет Саъдӣ

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш