Бармакиён
Бармакиён (ар. برامكة, форсӣ: برمکیان) — хонадони ҳукуматгари қадими тоҷикон, ки аслашон аз Балх будааст.
Бунёнгузор | Barmak[d] |
---|---|
Фарҳанг | Эрони Бузург |
Time period | Islamic Golden Age[d] |
Дар маъбади Навбаҳор мубад ва соҳиби амволи бисёри ғайриманқула будаанд. Б. дар дарбори шоҳони Бохтар вазифаҳои вазирӣ, дабирӣ, мубади мубадонро иҷро намуда, дар давлати Сосониён низ мақоми баланд доштанд. Мувофиқи ривоятҳо маъбади Навбаҳорро шоҳи Каёнӣ Луҳросп асос гузоштааст ва то истилои араб маркази бузургтарини дини зардуштӣ маҳсуб мешуд. Дар давраи Сосониён яке аз оташкадаҳои номӣ буд. Бармак исми хос нест, балки унвони саркоҳини ин маъбад буд, ки дар фалсафа, нуҷум ва тиб тасаллут дошт. Соли 705 бародари Қутайба ибни Муслим — Абдурраҳмон аҳли хонадони Бармакро асир гирифт, аммо, азбаски оли Б. миёни мардум шуҳрат доштанд, онҳо ба корҳои вазорати хилофат ҷалб гардиданд. Писари Бармак — Ҷаъфарро ба Димишқ оварда, вазифаи вазирӣ доданд, баъдан писари Ҷаъфар — Холид (710—781) дар замони халифа Саффоҳ (750—754) сардори девони лашкару хироҷ таъйин шуд, с-ҳои 765—769 волии Табаристон гардида, шаҳри Мансурро бунёд ва дар сохтмони Бағдод ширкат намуд. Халифа Мансур (754—775) Холидро волии Мавасил, писари ӯ Яҳёро волии Озарбойҷон таъйин кард. Нуфузи Бармакиён дар аҳди халифа Маҳдӣ (775—785) боз ҳам афзуд. Яҳё парастори писари Маҳдӣ — Ҳорунаррашид ва ҳамзамон сардори девони рисолати ҳамаи музофоти ғарбии хилофат буд. Дар аҳди Ҳорунуррашид (785—809) Яҳё вазир таъйин гардида, бисёр корҳои хилофат — сиёсати хориҷӣ, дохилӣ, савдо, диниро иҷро менамуд. Писари калонии Яҳё — Фазл с-ҳои 792—796 волии Эрони Ғарбӣ ва баъдан волии Хуросон буд. Фазл барои ободонии Хуросон корҳои бисёр анҷом дод, замони ӯ дар саросари Хуросон масҷидҳо, корвонсаройҳо, ҷӯйбору пулҳо сохта шуданд. Фазл ҳисоби тоҷикон дастаи хосси лашкариёнро ташкил дод, ки теъдодашон ба 500 ҳазор мерасид, дар ситондани хироҷ аз вилоятҳо тартиб ва низоми доимӣ ҷорӣ намуд, дар мамлакат оромии тамом ҷорӣ шуд. Тадбирҳои ватанхоҳонаи Фазл обрӯяшро дар байни мардум афзуданд. Бародари Фазл — Ҷаъфар ҳам ба халифа Ҳорунаррашид қаробат дошт ва ҳамчун хаттот, ахтаршумор ва суханвар соҳибэҳтиром буда, волии як қатор вилоятҳо таъйин шуда буд. Ҳамчунин Фазл барои равнақи илму фарҳанг низ талоши бисёр намуд. Аз ҷумла сифати коғазсозиро дар Самарқанд беҳтар сохта, ин ҳунарро то Бағдод бурда ривоҷ дод, ки баъдан санъати коғазбарории тоҷикон аз тариқи Андалуз ба Аврупо интиқол ёфт. Маҳз Бармакиён. сохтори давлати Аббосиёнро тарҳрезӣ карда, онро дар аҳди чанд халифа сайқал доданд ва ба халифаҳо ойини давлатдориро
Халифа Ҳорунуррашид аз нуфузу эътибори Бармакиён сахт дар ҳарос афтода, с. 803 Ҷаъфарро қатл, Яҳё ва се писараш — Фазл, Муҳаммад ва Мусоро дар шаҳри Раққа зиндонӣ кард ва онҳо дар зиндон фавтиданд. Вале корҳои неки Б. дар сафҳаи таърих сабт гардида, минбаъд ашхоси бисёре бо номи Бармакӣ гузаштанд, мас., Абулқосим Аббос ибни Муҳаммади Бармакӣ охири садаи 10 вазири Сомониён буд, Ҳасани Бармакӣ дар дарбори Ғазнавиён вазифаи масъулро адо мекард. Пас аз Бармакиён дар Хуросон намояндагони дигари тоҷикон — Тоҳириён ба сари қудрат омаданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бармакиён / Ю. Яъқубов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Бартолд В. В. Бармакиды. Соч., Т. 6, М., 1966;
- Низам-алМулк, Сиасет-намэ. М. -Л., 1949;
- Яъқубов Ю. Таърихи халқи тоҷик. Ибтидои асри миёна. Д., 2001.