Барно Саидова
Барно Турахоновна Саидова (тав. 29.12.1982 ноҳияи Сино, ш. Душанбе) — филолог, номзади илмҳои филологӣ (2009).
Барно Турахоновна Саидова | |
Таърихи таваллуд | 29 декабр 1982 (41 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишБарно Саидова хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2004), солҳои 2004- 2008 аспиранти ҳамин донишгоҳ, 2005- 2006 сардори шуъбаи умумии Назорати давлатии суғуртаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006-2008 мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибии Хадамоти давлатии назорати суғуртаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2010-2019 ба ҳайси дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият кардааст. Аз соли 2020 инҷониб ҳамчун омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.
Осор
вироиш- Амиршоҳии Сабзворӣ ва муҳити адабии замони ӯ. Д., 2011;
- Поэтикаи ғазалиёти Амиршоҳӣ. Д., 2018.
Пайвандҳо
вироишhttp://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212&Itemid=92&lang=tj Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]