Барóн (аз лот. baro — инсон, мард) — дар Аврупои Ғарбии асрҳои миёна аввалҳо вассали император, шоҳ ё феодали калон ва минбаъд рутбаи дворяниро меномиданд. Дар Олмон (Freihe Herrren, Liler lero) саробони озоди заминдорро, ки ҳуқуқи моликият дошт, барон мегуфтанд. Дар Англия (barones maqores) ин рутбаро аз шоҳ мегирифтанд ва баронҳо наздикони шоҳ (монарх) ба шумор мерафтанд.

Барон Карл Фридрих Иероним фон Мюнхгаузен. Г. Брукнер, 1752

Таърихи рутба

вироиш

Аз садаи XIII ин рутба ба гурӯҳи имтиёзноки сиёсӣ итлоқ шуд ва аъзои доимии (ирсии) палатаи лордҳо дар парламентро барон меномидагӣ шуданд. Ин рутбаро ҳамчунин ба писарони бузурги графҳо, маркизҳо ва герсогҳо медоданд. Дар силсилаи маротиби рутбаҳои дворянҳо барон ҷойи охиринро ишғол мекунад, дар Олмон ва Фаронса аз граф поинтар, дар Англия поинтар аз биконт. Аз соли 1611 дар Англия унвони меросии боронет ҷорӣ карда шуд, ки аз лиҳози мавқеъ байни ашроф ва дворянҳо қарор доштанд.

Рутба дар Русия

вироиш

Дар Россия рутбаи баронро Пётри 1 соли 1710 ҷорӣ кард. Ин рутбаро танҳо император бекор карда метавонист. Ин рутба ба дворянҳои губернияҳои назди Балтика, ки то ба Россия ҳамроҳ шуданашон шомил буданд, ҳамчунин авлоди баронҳои хориҷӣ, ки намояндагони онҳо табаияти шӯравиро қабул карда буданд, дода шуд. Авлоди баронҳо дар қисми панҷуми китоби "Насабнома" сабт гардидаанд.

Сарчашма

вироиш