Баротовит
Баротовит — минерал аз гурӯҳи силикатҳои титандор. Формулаи кимиёиаш KLi3Ca7Ti2(SiO3)12F2.
Формула | KLi3Ca7Ti2(SiO3)12F2 |
Блеск | Стеклянный |
Низоми булӯршавиаш моноклинӣ; булӯрҳояш мурабаъшакли тунук (то 5×2×0,5 см) ва пулакчамонанд. Садафранг. Сахтиаш аз рӯйи ҷадвали Моос — 3,5, мӯрт, зичиаш 2920 кг/м3. Б. дар рагҳои пегматитии кварс, албит, эгириндор ва сиенитҳои албититдор вомехӯрад. Баротовиро соли 1975 геологҳои тоҷик Б. Д. Дӯстматов, Е. И. Семёнов, А. П. Хомяков, А. В. Бикова ва Х. Ҷаъфаров дар массиви сиенитҳои ишқории Дараи Пиёз (ноҳияи Рашти Тоҷикистон) кашф карда, ба он номи петрографи намоён, академики АИ ҶТ Рауф Баротовро додаанд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Записки Всесоюзного минералогического общества. п. 5. Л. 1975.
Сарчашма
вироиш- Баротовит // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.