Рауф Баротов (10 октябри 1921, деҳаи Себахшаи ноҳияи Конибодом14 январи 2013, Душанбе) — геолог ва маъданшиноси маъруфи тоҷик, академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1968), доктори илмҳои геология ва минералогия (1966), профессор (1967). Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).

Рауф Баротов
Таърихи таваллуд 10 октябр 1921(1921-10-10)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 январ 2013(2013-01-15) (91 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ заминшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои геологӣ ва минералӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ» медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»

Зиндагинома

вироиш

Рауф Баротов 10 октябри соли 1921 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом ба дунё омадааст. Хатмкардаи Техникуми педагогии шаҳри Конибодом (1937) ва факултети геологияи Университети давлатии Осиёи Миёна (1945). Аспиранти факултети геологияи Университети давлатии Осиёи Миёна (1945-1948), ходими илмӣ ва мудири сектори петрография ва канданиҳои фоиданок (1949-1953), директори (1953-1959) Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон, академик-котиби шуъбаи фанҳои физикаю математика ва геологияю кимиё (1959-1976), ноиб-президенти (1975-1984) АИ ҶШС Тоҷикистон Аз соли 1988 раиси ифтихории Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон ва мушовири Президенти АИ ҶТ буд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Рауф Баротов мутахассиси намоён ва забардасти соҳаи геология, петрология ва металлогенияи Тоҷикистон, муаллифи бештар аз 500 корҳои илмӣ, аз ҷумла 24 рисола аст. Китобҳои ӯ ба сарватҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Рауф Баротов нақшаи пайдоиши маҷмӯъи магмавии Тоҷикистон кор карда, петрологияи онҳо омӯхта шудааст. Ӯ нақшаи муфассали ноҳиябандии металлогении Тоҷикистони Марказиро пешниҳод карда, барои ҷустуҷӯи кони филиззҳои нодир на танҳо тавсияи амалӣ додааст, балки дар иктишофи ганҷҳои нодир солиёни зиёд бевосита иштирок кардааст. Рауф Баротов яке аз ташкилотчиёни фаъоли илми геология дар Тоҷикистон мебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника (1970). Бо ордени «Дӯстии халқҳо», 2 ордени «Нишони Фахрӣ», 5 медал, нишони тилоии Конгресси байналмилалии геологҳо сарфароз гардидааст.

Донистаниҳо

вироиш

Ба номи ӯ маъдани «Баротовит» номгузорӣ шудааст. Рауф Баротовро Институти биографияи ИМА ду маротиба «Одами сол» интихоб кардааст. Дар ситоиши ӯ адибони гуногунзабони дунё китобҳо, қиссаю достон, шеър ва очеркҳои ҳуҷҷатӣ навиштаанд. Дар даромадгоҳи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тахтасанги хотиравии Рауф Баротов гузошта шудааст.

  • Сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон. Д., 1968;
  • Асрори кӯҳҳои Тоҷикистон, Д., 1971;
  • Лаъли Бадахшон. Д., 1980;
  • Ганҷи кӯҳистон. Д., 1985;
  • Каменное чудо Таджикистана. Д., 1988;
  • Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон. Д., 1996;
  • Конҳои маъдани Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо. Д., 2001;
  • Сангҳои гаронбаҳо ва ороишии Тоҷикистон. Д., 2005.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш