Баро ибни Озиб
Абу Умар Баро ибни Озиби Ансорӣ (ар. البراء بن عازب; ?, Мадина — 690-1, Куфа) — яке аз саҳобагони Пайғамбар (с) ва фотеҳони ислом.
Баро ибни Озиб | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муҳаддис |
Таърихи таваллуд: | 600 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 690[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Ҷанг: | |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишАз қабилаи Авс буда, қабл аз ҳиҷрати Муҳаммад (с) ба Мадина ба дини ислом гаравида буд. Дар замони ғазваи Хандак 15 сол дошт. Минбаъд ӯ ҳамчун лашкаркаш ба воя расид ва дар ҷангҳои Сиффин, Ҷамал ва муҳорибаи Наҳравон ширкат дошт. Баро ибни Озиб фотеҳи шаҳри Рай ва амири он таъйин шуда буд. Ҳамчунин ӯ дар фатҳи шаҳрҳои Қазвину Занҷон ва Шуштар ширкат доштааст.
Баро ибни Озиб ба муҳаддисӣ низ машғул будааст ва Имом Бухориву Муслим аз ӯ беш аз 300 ҳадис ривоят кардаанд. Баро ибни Озиб охири умри худро дар Куфа гузаронидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ арабская Википедия — 2003.
Адабиёт
вироиш- الموسوعة العربية العالمية. النسخة الالکترونية. الریاض، ۲۰۰۴
- Bahramian, Ali; Negahban, Farzin. Al-Barāʾ b. ʿĀzib // Encyclopaedia Islamica / Editors-in-Chief: Wilferd Madelung and, Farhad Daftary. — Brill.
Сарчашма
вироиш- Баро ибни Озиб // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.