Барселона (бошгоҳи футбол)

бошгоҳи футболи Испониё

«Барсело́на» (исп. Fútbol Club Barcelona) — яке аз машҳуртарин бошгоҳи футболи испонӣ аз вилояти худмухтори Каталония. Ин бошгоҳ ба номи «Ба́рса» (исп. Barça) низ машҳур аст.

Парчами Испания Барселона
FC Barcelona 2002.png
Номи пурра Futbol Club Barcelona
Лақаб Barça (Барса)[1]
Blaugranas (Нилунориҳо)[2]
Cataloness (Каталониҳо)[3]
Cule (Мақъад)[4][5]
Таъсис 29.11.1899
Майдон «Камп Ноу»
Ғунҷоиш 99 354
Президент Парчами Испания Жоан Лапорта
Мураббӣ Парчами Испания Хави
Капитан Парчами Испания Серхио Бускетс
Рейтинг ҷойи 6-ум дар раддабандии УЕФА[6]
Сарпараст Rakuten
Сайт fcbarcelona.com
Мусобиқа Лигбартари футболи Испониё (Ла Лига)
2021/22 Медали нуқра ҷойи 2-юм
Форма
Либоси
асосӣ
Форма
Либоси
меҳмонӣ
Форма
Либоси
дуввум
Soccerball current event.svg 2021/2022

«Барселона» яке аз пурарзиштарин бошгоҳҳои варзишии ҷаҳон аст. Тибқи маълумоти «Deloitte», дар мавсими 2021/22, бошгоҳ бо даромади солонаи 582,1 миллион евро дар ҷои чорум аст[7].

ТаърихВироиш

Соли 1899 аз ҷониби як гурӯҳ футболбозони аврупоӣ бо сарварии Жоан Гампер таъсис дода шудааст. Клуб беш аз 140 000 нафарро дар бар мегирад. Варзишгоҳи асосии клуб — «Ноу Камп» пургунҷоиштарин варзишгоҳ дар Аврупо (2012) мебошад. Дар мавсими 2006/07 «Барселона» дар байни бойтарин клубҳои ҷаҳон бо даромади 291,1 млн евро ҷойи севумро ишғол кард. «Барселона» чор маротиба (1979, 1982, 1989, 1997) Ҷоми ҷомдорони УЕФА, чор маротиба (1992, 2006, 2009, 2011) Ҷоми чемпионҳои УЕФА (1992, 1997, 2009, 2011) ва чаҳор маротиба (1992, 2006, 2009, 2011) Суперҷоми УЕФА-ро ба даст овардааст. Солҳои 2009 ва 2011 дар байни клубҳои футболи ҷаҳон чемпиони ҷаҳон шудааст. Ҳуҷумкунандаи «Барселона» Лионел Месси чор маротиба барандаи «Тӯби тилоӣ» ва аз рӯйи ин нишондод рекордсмени ҷаҳон шудааст.

БозигаронВироиш

Ҳайати ҷорӣВироиш

Аз 2 сентябри соли 2019 [8]

Эзоҳ: Парчамҳо нишондодашуда дар асоси қоидаҳои қобили қабули FIFA муайян карда мешаванд. Бозигарон метавонанд беш аз як миллати аз ФИФА берун дошта бошанд.

Мавқеъ Бозигар
1   GK Марк Андре тер Штеген
2   DF Нелсон Сенедо
3   DF Херард Пике
4   MF Иван Ракитич
5   MF Серхио Бускетс
6   MF Денис Суарес
9   FW Луис Суарес
10   FW Лионел Месси
11   FW Усман Дамбел
13   GK Нето
14   MF
Мавқеъ Бозигар
15   MF Клеман Лангле
16   FW Мусса Ваге
17   FW Антуан Гризманн
18   DF Ҷорди Алба
19   MF Карлес Аленя
20   MF Серхи Роберто
21   MF Френки Де Йонг
22   MF Артуро Видал
23   DF Самэл Энтити
24   DF Хуниор Фирпо

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш