Барчкент — шаҳри қадимие дар поёноби Сирдарё (асрҳои 12-14), мобайни Суғноқ ва Ҷанд, ки дар маъхазҳои таърихӣ дар шакли Борҷиканд, дар сиккаҳои Ҷуҷӣ ба шакли Борҷин навишта шудааст.

Маҳалли аҳолинишин
Барчкент
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Ин шаҳр бо номи Борҷинлиғкент низ зикр гардидааст. Барчкентро чун қаря низ ёд кардаанд. Барчкент дуртар аз Суғноқ ва наздикии Ҷанд (харобаҳои Хишттеппа, ки дар самти ғарбии Сирдарё воқеъ аст) ва Фанокат ҷойгир буд. Муаллифи китоби «Мулҳақоту-с-суроҳ» Ҷамоли Қартӣ (1230/31-1302/03), ки солҳои 1273-74 ба дидорбинии олими маъруф, муфассир, шоир Ҳомид ибни Осоми Борҷинлиғӣ омада буд, тавсифи Барчкентро додааст. Тибқи ахбори ин муаррих, Барчкент сарзамини ваҳшиён ва туркманҳост. Минтақаи барфдор ва регзор будааст. Ҷамоли Қаршӣ менигорад, ки пешвои туркманҳо Салчуқ ибни Финик дар ҳаволии Барчкент зиндагӣ мекард, ки баъдан ба ҷониби Нуратои Бухоро нақли макон кард. Қалъаҳо (дижҳо)-и он то ҳол боқӣ мондаанд. Дар Барчкент ҳаёти маданию маънавӣ ва илму фан хеле рушд ёфта будааст. Ҷамоли Қаршӣ навиштааст, ки шоирони шаҳри Барчкент ба забонҳои туркию арабӣ ва форсӣ шеър эҷод мекардаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Бартольд В. В. Сочинения. Т. 2, Ҷ.1. М., 1963;
  • Джамал-ал-Карши. Мулхакат ас-сурах / Тарҷумаи А. Саидов аз арабӣ ба русӣ — Д., 2006;
  • . دهخدا. ج. ۹. تهران، ۱۳۳۶ هـ. ش