Сирдарё (ҳамч. Сир, Яксарт ё Сайҳун) — яке аз артерияҳои бузурги обии сарзамини Осиёи Миёна буда, 443 ҳаз. км² масоҳат дошта, ҳавзааш дар байни 39º23'-46º арзи шимоли ва 61º-78º24' тӯли шарқӣ ҷойгир шудааст.

Сирдарё
Ҷараёни об
Сарчашма Рӯдҳои Норин ва Қародарё
Резишгоҳ[?] дарёи Арал
  Координатаҳо [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]]
Мавқеъ
Сирдарё
дар Викианбор

Ҷуғрофия

вироиш

Тӯли он аз шимол ба ҷануб ба масофаи 800 км ва аз ғарб ба шарқ 1600 км аст. Ҳавзаи Сирдарё 32%-и масоҳати Осиёи Миёнаро ишғол кардааст. Ҷараёни солонаи дарё 14км мукааб аст. Ҳавзаи обғундории Сирдарё асосан ба қисми ғарбии силсилакӯҳҳои Тиёншон ва нишебиҳои қаторкӯҳҳои Олой ва нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Туркистон мансуб аст.

Сирдарё аз рӯдҳои Норин ва Қародарё сарчашма мегирад. Дар саробаш (Қирғизистон) Норин ном дорад. З ахираи обии рӯди Норин се маротиба зиёдтар нисбат ба Қародарё аст. Дарёи Сир идомаи рӯди Норин буда, Қародарё шохоби чапи он мебошад. Дарозии умумии Сирдарё аз он ҷое, ки Қародарёву Норин бо ҳам пайваст мешаванд 2212 км аст, вале аз сароби Норин 3019км мебошад. Масоҳати ҳавзаи обғундории Сирдарё 219000 км²аст. Дарёҳои қаторкӯҳҳои Туркистон, Олой ва Тиёншонн Ғарбӣ, ки оби худро ба Сирдарё мерезанд, пуроб шуда, ба воситаи водии Фарғона ба пастии Тӯрон ҷорӣ шуда,сипас ба қисми шимоли-ғарби тоб хурда,аз доманаи каторкуҳҳои Каротоғ мегузарад. Баъдан даштҳои ҳамвори Қазокистонро убур карда, ба баҳри Арал мерезад.

Дар ҳавзаи Сирдарё дар маҷмӯъ беш аз 2600 кӯл (кӯлҳо асосан дар болооби дарёи Норин), 29784-дарё бо масоҳати 108634км вуҷуд доранд. Сирдарё дар саршавиаш яке аз дарёҳои бузурги кӯҳӣ буда, аз баландиҳои 4000-5000м ҷорӣ мешавад. Сирдарё нисбат ба Амударё захираи обии кам дорад. Агар ҳавзаи оббғундории Сирдарё дар як шабонарӯз 1200м мукааб/сон. бошад, дар Амударё 2500м мукааб/сон. -ро ташкил медиҳад. Сирдарё аз барфу пиряхҳои доимӣ ғизо мегирад, барои он, ки дар қисми кӯҳии Сирдарё пиряҳҳои зиёд мавҷуданд. Аз ин рӯ, ғизогирии Сирдарё ба типи ғизогирии пиряхию барфӣ рост меояд. Танҳо қисми шимолии қаторкӯҳҳои Туркистону Олой зиёда аз 250-пирях доранд. Дар болооби дарёи Норин бошад 200, дар қисми ҷанубӣ-ғарбии қаторкӯҳи Фарғона 57-пирях ба қайд гирифта шудааст. Масоҳати умумии пиряхҳо 2208км² аст. Миқдори умуми дарёҳое, ки дар ҳавзаи Сирдарё ҷойгиранд аз нигоҳи гидрологӣ то ҳол танҳо 131-тои онҳо омӯхта шудаанд.

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон обанбори сунъии Қайроққум барои обёри намудани заминҳо солҳои 50 асри XX сохта шудааст.

Пайвандҳои беруна

вироиш

http://andesha.tj/node/554(пайванди дастнорас)

Нигаред

вироиш

http://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%9D%D0%91%D0%9E_-_%D0%B8_%D0%A1%D0%B8%D1%80%D0%B4%D0%B0%D1%80%D1%91

 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Сирдарё дорад