Барқчӣ (бошгоҳи футбол)

бошгоҳи футбол аз Ҳисор
(Тағйири масир аз Барқчӣ)

Барқчӣбошгоҳи футболи тоҷик аз шаҳри Ҳисор, ки маркази маъмурии ноҳияи Ҳисор ба ҳайати Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шомил аст.

Парчами Тоҷикистон Барқчӣ
Номи пурра Бошгоҳи футболи «Барқчӣ» Ҳисор
Таъсис 2006
Майдон Парчами Тоҷикистон Варзишгоҳи марказии Ҳисор
Ғунҷоиш 20 000
Молик Парчами Тоҷикистон Барқи тоҷик
Президент Лутфулло Алимардонов
Мураббӣ Парчами Тоҷикистон Мубин Эргашев
Капитан Парчами Тоҷикистон Кароматулло Саидов
Буҷет Парчами Тоҷикистон Барқи тоҷик
Мусобиқа Лигаи олии футболи Тоҷикистон
2024 9
Форма
Либоси
асосӣ
Форма
Либоси
меҳмонӣ

То оғози соли 2015 ин бошгоҳ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Иштирокчии Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки дар ҷамъбасти мавсими соли 2018 ҷои охирин, 8-умро ишғол кард.

Финалисти Ҷоми Тоҷикистон-2008, барандаи Лигаи якуми Тоҷикистон дар соли 2006.

Ин даста ҳоло бозиҳои хонагии худро дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор, ки 20 ҳазор тамошобинро дар бар мегирад, мегузаронад. Дар солҳои 2007-2014 ин бошгоҳ дар шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Помир, ки 24 000 тамошобинро дар бар мегирад, меҳмононро қабул кардааст.

Таърихи бошгоҳ

вироиш

Соли 2006 дар Душанбе бошгоҳи футбол бо номи «Энергетик» таъсис ёфт. Худи ҳамон сол ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон ва роҳхат ба Лигаи олии кишвар гардид. Баъдан ба бошгоҳ Тоҳир Муъминов ҳамчун бозигар-мураббӣ роҳбарӣ мекард.

Соли 2007 дар мавсими дебюти худ дар сатҳи олӣ «Энергетик» дар байни 11 даста ҷои 9-умро гирифт. Соли 2008 ӯ ҷои панҷумро ишғол кард ва дар Ҷоми Тоҷикистон ба финал баромад ва аз тими Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Дар мавсимҳои 2009 ва 2010 дар чемпионат боз панҷум ва соли 2011 чорумро ишғол карданд. Дар 2 соли минбаъда бошгоҳ дар зинаи охирини ҷадвал қарор гирифт. Ва дар мавсими соли 2014 ба далели мушкилоти молӣ 6 давр қабл аз анҷоми он аз чемпионат даст кашид ва дар натиҷа ҳафтум боқӣ монд.

«Энергетик» пеш аз оғози мавсими оянда сарпарасти нав пайдо кард — ба ҷои шабакаи барқи Душанбе ба ширкати миллии энергетикии «Барқи тоҷик» табдил ёфт. Дар пайи ин муомила бошгоҳ ба шарафи соҳиби наваш - "Барқи тоҷик" ном гирифт ва аз Душанбе ба шаҳри Ҳисор, ки дар 20-километрии ғарби Душанбе воқеъ аст, кӯчид. Аз соли 2016 ин маҳфил “Барқчӣ” ном гирифт.

Таърихи тағир додани номҳо

Мавсим Ном
2006—2014 «Энергетик» Душанбе
2015 «Барқи Тоҷик» Ҳисор
2016—то ҳол «Барқчӣ» Ҳисор

Бозигарони шинохта

вироиш

Дастовардҳо

Мураббиён

вироиш
Мавсим Мураббӣ
2006—2008   Тоҳир Муъминов
2009   Ҳикмат Фузайлов
2009—2010   Ибодулло Қаюмов
2011   Аҳлиддин Турдиев
2011   Бахтиёр Ҳалимов
2012   Наҷмиддин Толибов
2013   Тоҳир Муъминов
2013   Ҳамид Каримов
2014—2015   Алишер Тухтаев
2016   Рустам Хоҷаев
2017   Виталий Левченко
2017—то ҳол   Мубин Эргашев

Пайвандҳо

вироиш