Варзишгоҳи марказии Ҳисор
Варзишгоҳи марказии Ҳисор — варзишгоҳи бисёрфунксионалии шаҳри Ҳисори Тоҷикистон (ноҳияи Ҳисори НТҶ), 12 км ғарби Душанбе. Он солҳои 2014-2015 сохта шуда, моҳи октябри соли 2015 ба истифода дода шуд. Яке аз калонтарин варзишгоҳҳои Тоҷикистон буда, 20 ҳазор тамошобинро дар бар мегирад. Вохурихои хонагиро дар ин варзишгоҳ бошгоҳи футболи «Баркчӣ» мегузаронад. Ҳамчунин, бархе бозиҳоро дар ин варзишгоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон, тимҳои ҷавонону наврасони кишвар ва бархе аз бошгоҳҳои Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон, ки варзишгоҳҳои худашон бо баҳонаҳои гуногун иҷозаи баргузории бозиҳо надоштанд, баргузор мекунанд.
Номи пурра | Варзишгоҳи марказии Ҳисор |
---|---|
Номи аслӣ | «Марказӣ» |
Мавқеъ | Тоҷикистон, Ҳисор |
Бунёд | 2014, 2015 |
Санаи ифтитоҳ | 27 октябри соли 2015 |
Ҳазинаи сохтмон | зиёда аз 42 млн сомонӣ |
Молик | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Ширкати идоракунанда | Федератсияи футболи Тоҷикистон |
Зарфият | 20 000 |
Дастаи асосӣ |
«Барқчӣ» Тими миллии футболи Тоҷикистон |
Андозаҳои майдон | 110×75 м |
Навъи замин | сабзаи сохта |
Варзишгоҳи мазкур 27 октябри соли 2015 ба истифода дода шуда, ба 3000-солагии Ҳисор бахшида шуда аст. Дар маросими ифтитоҳи он раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт. Сохтмони варзишгоҳ каме бештар аз 42 миллион сомонӣ харҷ шудааст[1].
Моҳи июли соли 2017 дар варзишгоҳ бори аввал бозиҳои мусобиқаи байналмилалӣ - Ҷоми АФОМ байни дастаҳои ҷавонони то 15-сола баргузор шуд[2].
4 ноябри соли 2017 дар варзишгоҳи Ҳисор бозии ниҳоии Ҷоми АФК-2017 баргузор шуд, ки дар он дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ал-Қуво»-и Ироқ (Қувваҳои Ҳавоӣ) вохӯрданд. Бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи бошгоҳи Ироқ, ки барандаи Ҷоми AFC-2017 шуд, анҷом ёфт.
Эзоҳ
вироиш- ↑ «ASIA-Plus»: Президент открыл крупный стадион в Гиссаре(пайванди дастнорас — таърих). 5 ноябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 ноябри 2017.
- ↑ Avesta.tj: Центральный стадион Гиссара примет первый международный футбольный турнир.