Басманда — деҳа дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, ноҳияи Деваштич. Аз Басманда то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 35 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 9135 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Басманда
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Деваштич
Ҷамоат Деҳоти Ваҳдат (н. Деваштич)
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 1 500 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 9135 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ забони тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3464

Иқтисод

вироиш

Басманда 3 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, беморхонаи ноҳиявӣ, маркази саломатӣ, китобхона, клуб, нуқтаҳои хидмати маишӣ, боғчаи бачагон, ошхона, чойхона ва 18 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёчаҳо ва чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд.

Мардум

вироиш
Сол 2010[1] 2020[1]
Аҳолӣ 8262 9918
  1. 1.0 1.1 Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.

Сарчашма

вироиш