Баходур Тошматов
Баходур Асобидинович Тошматов (тав. 9.05.1950, шаҳри Конибодом) – омӯзгор, номзади илмҳои биологӣ.
Баходур Асобидинович Тошматов | |
Таърихи таваллуд | 9 май 1950 (74 сол) |
Зодгоҳ | Конибодом, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои биология |
Алма-матер | Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров |
Зиндагинома
вироишСоли 1973 Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм кардааст
- Солҳои 1974-1979 - сарлаборанти Институти тадқиқотӣ-минтақавии боғпарварӣ ба номи И.В.Мичурин
- Солҳои 1979-1982 - ходими хурди илмии Институти тадқиқотӣ-минтақавии боғпарварӣ ба номи И.В.Мичурин
- Солҳои 1982-2001 - мудири лабораторияи ҳифзи растании Институти тадқиқотӣ-минтақавии боғпарварӣ ба номи И.В.Мичурин
- Солҳои 2001-2007 - сармуаллими кафедраи агротехнологияи Филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
- Солҳои 2007-2010 - мутахассис-маркетологи филиали АСТЕД дар шаҳри Хуҷанд
- Солҳои 2010-2015 - ходими калони илмии филиали Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
- Солҳои 2015 то ҳоло - сармуаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров