Бахтиёрнома
«Бахтиёрнома», (порсӣ:بختیارنامه) номи дигар «Роҳату-л-арвоҳ фӣ сурури-л-мифроҳ» — яке аз осори насри бадеии адабиёти форс-тоҷик, ки дар охири садаи 12 – ибтидои садаи 13
Дақоиқии Марвазӣ ба шакли қисса андар қисса (ҳикоят андар ҳикоят) навиштааст. Гарчанде таълифи осор ба шакли қисса андар қисса дар Ҳинд, дар осори ба забони санскрит нигошташуда пайдо шуда, дар адабиёти форс-тоҷик инкишоф ёфтааст (нигар «Калилаву Димна»), вале баъзе осори мансур, аз қабили «Синдбоднома», «Марзбоннома» ва «Бахтиёрнома» дар заминаи адабиёти пешазисломии мардуми ориёинажод пайдо шудаанд. «Бахтиёрнома» яке аз осори адабиёти паҳлавӣ будааст, вале аз асли он ба забони паҳлавӣ мадраке то имрӯз (соли 2013) дастрас нест. Мувофиқи маълумоти Авфӣ дар тазкираи «Лубобу-л-албоб» ва Дақоиқии Марвазӣ нусхаи ба забони форсии дарӣ-тоҷикӣ навишташудаи «Бахтиёрнома» дар садаи 10 вуҷуд доштааст, вале ба забони форсӣ аз забони паҳлавӣ ва ё аз забони арабӣ тарҷума шуданаш маълум нест. Аз гуфтаҳои Дақоиқии Марвазӣ бармеояд, ки нусхаи дар замони Сомониён вуҷуддоштаи «Бахтиёрнома» ба забони содаву бетакаллуф навишта шуда, орӣ аз иборапардозиҳои ороста бо бароату балоғату фасоҳату музайяну маснӯъ будааст. Ин тарзи нигоришро дар асрҳои 12–13 намеписандиданд ва мақбул намешумориданд. Дақоиқии Марвазӣ «ин арӯсро [яъне «Бахтиёрнома»-ро] сиворею халхоле... ин мурғро зинати пару боле» дод, то ин ки «мавоизу ҳиками ӯ мутадовил шудию истиороти ӯ мустаъмал гаштӣ».
«Бахтиёрнома» аз муқаддима ва 10 боб иборат аст. Боби якум «Андар валодати Бахтиёр...» қиссаи асосӣ мебошад, 9 боби дигар қиссаҳои фаръиянд, ки ҳама дар якҷоягӣ банду басти асарро ташкил додаанд. Мазмуни қиссаи асосӣ ошиқ шудани подшоҳи Сиистон ба духтари сипаҳсолораш, норозигии сипаҳсолор, гурехтани подшоҳ, писар таваллуд кардани завҷаи подшоҳ мебошад. Подшоҳ тифлро ба сари чоҳ монда меравад. Ин писар ба дасти роҳзанон меафтад, баъдан ба хидмати подшоҳ мерасад.
Рӯзе бар асари мастӣ ба хонаи хоби подшоҳ даромада, ба хоб рафт. Подшоҳ аз ӯ ва завҷааш ба гумони бад рафт ва Бахтиёрро ба зиндон фиристод ва ба қатл маҳкум кард. Ҳар рӯз, ки Бахтиёрро ба зери дор мебурданд, ӯ ба подшоҳ ҳикояте ба мазмуни шитобкорӣ накардан, сабру таҳаммул пеша намудан, хуни ноҳақ нарехтан ва ғ. нақл мекунад ва бар асари ин ҳикоятҳо нуҳ рӯз дар амон мемонад. Дар рӯзи даҳум сардори дуздон ба зери дор меояд ва ба подшоҳ қиссаи Бахтиёрро нақл мекунад. Подшоҳ ва малика фарзандашон будани Бахтиёрро мефаҳманд.
Дар адабиёти форс-тоҷик бо номи «Бахтиёрнома» асарҳои бисёре офарида шудаанд. Яке аз онҳо ба қалами Сироҷуддини Самарқандӣ (ибтидои садаи 13) тааллуқ дорад. Таҳрирҳои муаллифашон номаълуми адабӣ ва фолклорӣ низ ба назар мерасанд. Як варианти «Бахтиёрнома» дар «Ҷавомеъу-л-ҳикоёт ва ла¬вомеъ-ур-ривоёт»-и Авфӣ, варианти дигараш дар «Ҳазору як шаб» ҷой гирифтаанд. Таҳрирҳои бемуаллифи «Бахтиёрнома» дар Лондон (1901), Порис (1829), Табрез (1890), Ленинград (1926), Теҳрон (1952) ва ғ. ба табъ расидаанд.
Матни «Бахтиёрнома»-и Дақоиқии Марвазиро профессор Забеҳуллоҳи Сафо соли 1967 ба табъ расондааст. Ин китоб ба алифбои русиасоси тоҷикӣ баргардон шуда, соли 2008 дар СИЭМТ чоп шудааст. «Бахтиёрнома» ба забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, малайӣ, туркӣ, ӯйғурӣ, озарбойҷонӣ, гурҷӣ, англисӣ, русӣ, олмонӣ, даниягӣ ва ғ. тарҷума шудааст.
Адабиёт
вироиш- Дақоиқии Марвазӣ. Бахтиёрнома. Д., 2008;
- Дакаики. Услада душ или Бахтияр-наме. М., 1977;
- Повесть о Бахтиаре. М., 1989.
Манбаъ
вироишدانشنامۀ جهان اسلام. ج. ۲. تهران، ۱۳۷۵
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.