Бахтиёр Иброҳимов (тав. 1972, шаҳри Исфара, вилояти Ленинобод, Тоҷикистон) овозхон ва навозандаи тоҷик аст.Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бахтиёр Иброҳимов
Бахтиёр Иброҳимов
Дарёфти унвони Овозхони шоиста аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Дарёфти унвони Овозхони шоиста аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд Бахтиёр
Таърихи таваллуд 1972(1972)
Зодгоҳ шаҳри Исфара
Пеша(ҳо) навозанда, овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон,ҷоизаҳои Озмуни «Сурудҳои меҳанпарастӣ» (2003),Ҷоизаи бузурги (Гран-при) озмуни вилоятии сарояндагони сурудҳои эстрадии «Торҳои заррин» ҷашнвораи сарояндагони сурудҳои эстрадии Тоҷикистон ва ҷашнвораи сурудҳои меҳандӯстонаи «Мо оилаи ягонаем», дорандаи дипломи «Сарояндаи беҳтарини эстрадии вилояти Суғд» (1997, 1999).

Зиндагинома

вироиш

Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара зода шудааст. Вай дастпарвари Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон (1992) аст[1]. Кори худро аз моҳи июни соли 1992 дар театри мардумии шаҳри Исфара оғоз кард ва нахуст дар ин намоишсаро навозанда буд ва сипас гурӯҳ созиву овозии «Бахт»-ро таъсис дод ва роҳбари ҳунарии он шуд. Ин гурӯҳ без аз 100 суруд дорад, ки беш аз 30 оҳангу таронаашро Иброҳимов сохта аст.

Иброҳимов миёни дӯстдорони ҳунари эстрадӣ, хусусан ҷавонон, ҳаводорони бисёре пайдо кард.

Дастовардҳо

вироиш

Бахтиёр Иброҳимов барандаи ҷоизаҳои Озмуни «Сурудҳои меҳанпарастӣ» (2003), ғолиб ва барандаи Ҷоизаи бузурги (Гран-при) озмуни вилоятии сарояндагони сурудҳои эстрадии «Торҳои заррин», дорандаи дипломи «Сарояндаи беҳтарини эстрадии вилояти Хуҷанд» (1997, 1999), барандаи ҷоизаи якумин ҷашнвораи сарояндагони сурудҳои эстрадии Тоҷикистон ва дувумин ҷашнвораи сурудҳои меҳандӯстонаи «Мо оилаи ягонаем» аст. Дар озмунҳои байналмиллалии «Иссиқкӯл-2000» (Уш) ва «Ориёно, Сомониён, Тоҷикистон» (Душанбе) дувум ҷой ва дар озмуни сурудҳои сиёсии «Корвони Ваҳдат» (1999, 2000) севум ҷойро гирифтааст.[2]

Ҳунараш бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Пайнавишт

вироиш