Бахтиёри Ҷумъа - котиби масъули рӯзномаи вилояти Самарқанд - - «Овози Самарқанд».

Бахтиёри Ҷумъа
Бахтиёри Ҷумъа (Ҷумъаев)
Таърихи таваллуд: 1953(1953)
Зодгоҳ: Самарқанд
Навъи фаъолият: нависанда

Зиндагинома вироиш

Бахтиёри Ҷумъа соли 1953 дар ноҳияи Самарқанд таваллуд ёфтааст. Мактабҳои ҳаштсолаву миёнаи рақамҳои 47 ва 16-и зодгоҳашро хатм карда, шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд шудааст. Муддате чанд муаллимӣ кардааст. Чандин сол дар матбуоти Тоҷикистон кор кардааст. Узви иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорон.

Осор вироиш

Бахтиёри Ҷумъа муаллифи китобҳои

  • «Хандахариш»,
  • «Гап байни худамон монад»,
  • «Савғо»,
  • «Доруи дарозумрӣ»,
  • «Хазинаи ханда»,
  • «Маликаи доно»,
  • «Бойчечак»,
  • «Асали бобо» аст.

Якҷоя бо профессори ДДС Кибриё Ҳасанова китобҳои дарсии «Антологияи педагогӣ» ва «Одоби оиладорӣ»-ро таълиф кардааст.[1]

Манобеъ вироиш

  1. Бахтиёри Ҷумъа (Ҷумъаев)(пайванди дастнорас)

Пайвандҳо вироиш

Рӯзномаи «Овози Самарқанд» Бойгонӣ шудааст 18 Декабри 2014  сол.