Овози Самарқанд (рӯзнома)

Рӯзномаи «Овози Самарқанд» - Нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд, аз 1 январи соли 1990 дар шаҳри Самарқанд муттасил ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Рӯзнома, ки дар ҳаҷми А - 3 бо як ранги сиёҳ чоп мешуд аз соли 2010 сар карда, бо ҳаҷми А 2 ва рангаю зебо ва теъдоди зиёд нашр гардид.

Таърих

вироиш

Дар ташкили рӯзнома ва барои дар байни дигар воситаҳои ахбори оммавӣ ҷойи муносиби худро ёфтани он саҳми Нор Остонзода, Акбар Усмонов, Хурсанд Ҷумъазода, Ӯктам Иброҳим, Ҳазрат Сабоҳӣ, Адаш Истад, Бахтиёри Ҷумъа, Тошқул Азимзода, Асадулло Исмоилзода, Раҳматилло Шарифзода, Акбар Пирӯзӣ, Зоҳир Ҳасанзода, Гулчеҳра Ҳалимова, Шоиста Аббосова, Озодҷон Хидиров, Шуҳрат Аноров, Шавкат Баҳромов, Солеҳ Яҳёев, Мирсафо Камолӣ барин журналистону эҷодкорон босазост. Дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳои пурмӯҳтавои олимони шинохта, чакидаҳои хомаи шоиру нависандагону лавҳаю очеркҳои омӯзгорону шоирони пешқадам ва хабарнигорони ҷамоатии касбу корашон гуногун пайваста чоп шудаанд. Арбобони шоистаи илми Ӯзбекистон шодравонҳо Ботурхон Валихоҷаев, Холиқ Мирзозода, Раҳим Муқимов, Акбар Аҳтамов, Абдусалом Саидҷонов эҷодкорони забардаст Болта Ортиқзода ва Ҳамроқули Даврон ҳамкори доимии рӯзнома буданд. Имрӯз ҳам ин анъана давом дорад. Олимони намоён Садрӣ Саъдиев, Аслиддин Қамарзода, Санъат Муҳаммадиев, Хуршед Самеъбоев, Ҷумъа Ҳамроҳ, Ато Аҳроров, Абдусалом Самадов бо мақолаҳои пурдолузарби худ дар байни муштариён маҳбубияти хоса доранд. Нависандаю шоирони шинохта Ҳаёт Неъмат, Салим Кенҷа, Адаш Истад, Ҳазрат Сабоҳӣ, Акбар Пирӯзӣ, Нормурод Каримзода, Худоназари Оқсоӣ, Худойбердӣ Саидзода, Ҳусейн Рашидӣ, Маҳбуба Неъматзода, Шаҳзода Назарзода (Шаҳзодаи Самарқандӣ), Дилшоди Фарҳодзод Дилҳода Ҳазратқулова Маҳбуба Турсунова, Хоҷа, Парисо бошеъру ҳикояҳои худ саҳифаҳои адабии рӯзномаро хонданбоб менамоянд. Аз соли 1990 то соли 1997 нависанда ва рӯзноманигори пуртаҷриба Нор Остонзода сармуҳаррири рӯзнома буд. Аз моҳи октябри соли 1997 ба рӯзнома номзади илмҳои филология, адабиётшинос Ғафурҷон Маҳмудов ба рӯзнома сармуҳаррир таъйин гардид. Шумораи кормандони таҳририят аз ҳисоби ҷавонон афзуд.

Сохтор

вироиш

Аз 1 марти соли 2011 ба рӯзномаи «Овози Самарқанд» Озодҷон Хидиров (Ҳамидзода) муҳаррир таъйин гардид. Ҳоло дар идораи рӯзнома журналистони боистеъдод Асадулло Шукуров (ҷонишини сармуҳаррир), Бахтиёр Ҷумъаев (котиби масъул), Фозил Шукуров, Дилрабо Насимова, Ҷамшед Обидов, Дилафрӯз Облоқулова, Дилдора Ҳалимова, Қобил Муҳаммадиев, Қудрат Тӯраев, Сироҷ Раҷабов, Умар Нарзиқулов, Шаҳноза ва Азиза Ҷӯрабоеваҳо меҳнат менамоянд. Саҳифаҳои махсуси «Муғҷа», «Мадади Сино», «Бибихонум», «Ҷавонӣ», «Мардумгиёҳ», «Нома ба номи ту навиштам» дар байни муштариён маҳбубияти хосса дорад.

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш