Баёнии Астарободӣ (ар. بیانئ استرآبادی‎; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16).

Баёнии Астарободӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Астаробод касби камол намуд. Мувофиқи маълумоти «Туҳфаи Сомӣ» «ба раммолӣ иштиғол дошт ва дар шеър табъаш хуб воқеъ шуда». Намунаи ками ашъораш боқист. Ин байт аз ӯст:

Рафт дар хиргаҳ маҳи ман, мурғи дил ҳайрон бимонд,
Шамъ дар фонус шуд, парвона саргардон бимонд.

Адабиёт

вироиш
  • Каримов У. Литературно-исторические источники и основные тенденции таджикской литературы XVI века. Д., 2000.