Баён Раҳимов (тав. 4.11.1928, деҳаи Якатути ноҳияи Сарихосор) — педагоги маъруфи тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (1962), профессор (1990).

Баён Раҳимов
Баён Раҳимов
Таърихи таваллуд 4 ноябр 1928(1928-11-04) (96 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Сарихосор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо медали «Барои меҳнати шоён» (1985), унвони «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» (1990), нишони «Барои комёбиҳои барҷаста дар кор» (1998)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1945 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намудааст. Солҳои 1945—1947 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи дусолаи муаллимии шаҳри Кӯлоб таҳсил намудааст. Солҳои 1947—1950 дар мактаби 7-солаи ба номи Молотов ва мактаби 7-солаи ба номи А. С. Пушкини ноҳияи Сарихосор кор карда, ҳамзамон вазифаи методист ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияро ба уҳда дошт. Солҳои 1950—1953 муаллими факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1953—1954 аспирант, 1954—1955 лаборанти калон, 1955—1958 ассистент, 1958—1970 муаллими калон ва аз соли 1970 дотсенти кафедраи педагогикаи донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1970—1974 ҳамчун мудири кафедраи тарбияи томактабӣ, 1976—1981 мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, 1987—1998 декани факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Аз соли 1998 то ба имрӯз профессор ва мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи зиёда аз 52 монография, китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ, китобчаҳои оммавӣ ва 100 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои беҳдошти кори таълиму тарбия дар мактабҳои олии педагогӣ, афкори педагогии мутафаккирони форсу тоҷик (асрҳои Х-ХХ), педагогикаи ниёгон, педагогҳои барҷастаи хориҷӣ ва собиқ шӯравӣ, тарбияи бачагони синни хурди мактабӣ дар оилаву мактаб, ҳамкории мактабу оила ва тарбияи ҷавонон кори илмӣ бурдааст. Зиёда аз 62 баромади ӯ дар фонди садо ва симои ҷумҳурӣ сабт ёфтаанд. Бо роҳбарии ӯ 13 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд. Солҳои 1970—1990 аъзои Шӯрои илмию методии Вазорати маълумоти олии ИҶШС доир ба педагогикаи мактаби олӣ буд. Дар конференсияҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ дар шаҳрҳои Москва, Иваново, Владимир, Суздал, Уффа, Будапешт ва Душанбе бо маърӯзаҳо баромад кардааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Хидматҳояш бо унвони фахрии «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» (1990), медали «Барои меҳнати шоён» (1985), нишони «Барои комёбиҳои барҷаста дар кор» (1998) ва чандин ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Кори мактаб бо падару модарони синфҳои ибтидоӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Сталинобод, 1959; Таълимоти К.Маркс ва Ф.Энгелс дар бораи тарбия, Сталинобод, 1959; Назарияҳои педагогии И. Г. Песталотсси, Д., 1960; Назаряҳои педагогии Ян Амос Коменский, Д., 1960; Тарбия намудани малака ва одатҳои рафтори маданӣ дар бачагони синни хурди мактабӣ дар оила, Д., 1961; Ҳама ба ин ҷавобгар аст, Д., 1968; Системаи педагогии А. С. Макаренко, Д., 1982; Роҳҳои асосии баланд бардоштани самаранокии таълим дар донишкадаҳои олӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1986; Педагоги бузург А. С. Макаренко, Д., 1988; А. С. Макаренко дар бораи таълиму тарбия, Д., 1991; Кори мустақилонаи донишҷӯён дар донишкадаҳои олии омӯзгорӣ(бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1991; Таърихи педагогикаи халқи тоҷик (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1994; Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик, Д., 2008.

Пайвандҳо

вироиш