Бағӯш
(Тағйири масир аз Бағуш)
Бағӯш — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим. Дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Мамадамбаров», дар сари роҳи Хоруғ – Ишкошим ҷойгир аст. Аз Бағӯш то маркази ҷамоати деҳот 6 км, то маркази ноҳия 42 км ва то шаҳри Хоруғ 85 км. Аҳолиаш 316 нафар (2012), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | ВМКБ |
Ноҳия | Ишкошим |
Ҷамоат | Деҳоти Қозидеҳ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 316 тан (2012) |
Миллият | тоҷикон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 |
Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: зироаткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Бағӯш обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.