Баққолӣдукони фурӯши маводи хӯрокворӣ (аз қабили орд, сабзавот, равғану биринҷ ва ғайра. Пешаи савдогарии замонҳои пешин. Соҳиби онро «баққол» мегуфтанд, ки дар дукони назди хона ё ҳавлии худ мева, сабзавот, дорувор, ширинӣ, ғаллаву дона ва чизҳои барои рӯзгор зарурро мефурӯхт. Харидорон метавонистанд аз баққолӣ чизҳои заруриро ба нася гиранд.

Баққолӣ дар Алабама (1936)

Таърих

вироиш
 
Туркия

Баққолӣ дар шаҳрҳо ва баъ­зе ноҳияҳои Осиёи Миёна то нимаи аввали садаи XX вуҷуд дошт. Баъдтар, бо мурури замон, қариб аз байн рафт. Дар байни мардум истилоҳи «баққолии фалонӣ» ё «фалонча бақ­қол» низ мавҷуд буд. Дар асрҳои пешин тахаллус ва ла­қаби баққолӣ бисёр буд. Баққолҳоеро, ки дар баробари баққолӣ шеър мегуфтанд, «баққолӣ» ё «баққол» меномиданд. Баққолӣ ҳоло ҳам дар кишварҳои Эрону Афғонистон маъмул аст. Баққолиро дар кишварҳои Аврупо «бакалея» меноманд. Баққолӣ дар даврони шӯравии Тоҷикистон қариб аз байн рафта бошад ҳам, пас аз истиқрори истиқлол дар саросари кишвар дубора пайдо шуда, ки ҳамон вазифаи пешинаи Баққолиро адо мекунад[1].

  1. ЭМТ, Ҷ. 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: СИЭМТ, 2013, - с.292 // Р. Раҳмонӣ.

Сарчашма

вироиш