Баҳман (форсӣ: بهمن), гули баҳман, бойчечак, гули ях, гули қосид, ҳасратгул (лот. Crocus korolkowii) — як навъ гули худрӯи аввали баҳор; гиёҳи бисёрсолаи пиёзакбех, мансуби савасаниҳо.
Баргаш (5–15-то) борики нӯгтез (дарозиаш то 25–27 см, бараш 1–2 мм), сабзи кушод, рахҳои сафед дорад. Гулаш (дар ҳар бех 1–5-то) қифшакли зард, зарди норанҷӣ ё бунафштоб (фақат рӯзҳои офтоб мешукуфад). Ғӯзааш дарозрӯя (3 см), сертухм; тухмаш гирдаи қаҳваранг.
Баҳман, одатан, дар нишеби кӯҳҳо, талу теппа, алафзори ҷангали гармсер ва паҳнбарг, арчазор (қатор кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои ҷануби Тоҷикистон; дар баландиҳои 800–2000 м аз с. б.) нумӯ меёбад. Баҳманро аз кӯчат, пиёзак ва тухмаш месабзонанд. Баҳмани дар тирамоҳ кошташуда баҳор сабзида, соли 3–4-ум (охири январи ё аввали феврал) гул мекунад. Дар водиҳои Тоҷикистон баҳман баъзан декабр ё аввали январи, дар кӯҳҳо апрел–май (дар баландии 2000 м аз с. б. – июн) мешукуфад. Баҳман гули маъмулу писандидаи тоҷикон аст. Онро рамзи навбаҳору айёми киштукор медонанд. Баҳманро якҷоя бо гули наврӯзию сиёҳгӯш ё гурӯҳ-гурӯҳ (100–200-тоӣ) коштан беҳтар аст.
Баҳман гиёҳи доруист. Табибони халқӣ гарди гули онро давои зардпарвин, нақси дилу меъдаву рӯда ва омили тақвиятбахши организм мешуморанд. Пиёзаки баҳман заҳрнок аст.
- Флора Таджикской ССР. Т. 2. М.–Л., 1963;
- Ҳоҷиматов М., Олимов М. Чаҳорбоғи гулҳо. Д., 1979.