Баҳмут (лот. Hippopotamidae) — ҷонварест ширхори ҷуфтсум. Ду навъ дорад: Баҳмути муқаррарӣ (H. amphibius) ва Баҳмути реза ё хурд (H. Iiberiensis).
Баҳмути муқаррарӣ (гипопотам) ҷонвари калони алафхӯр аст. Дарозии Баҳмути нарина то 4,5 м, баландиаш то сари шона тақрибан 1,5 м, вазнаш 3-4,5 т мешавад. Бадани Баҳмут мӯй надорад; пӯсташ ғафс, хокистарранги сиёҳтоб. Сари Баҳмут калон, фукаш паҳн, чашмонаш хурд, гӯшҳояш кӯтоҳ мебошанд. Пойҳояш кӯтоҳи ғафс буда, байни ангуштонаш парда дорад, ки барои дар об шино кардан мутобиқ шудааст. Баҳмутро бисёр шикор мекунанд, бинобар ин саршумори он хеле кам гаштааст. Имрӯз Баҳмутҳо фақат дар Африқои Экваторӣ боқӣ мондаанд. Ҳаёти Баҳмут ба об сахт вобастагӣ дошта, ба соҳил гоҳ-гоҳ мебарояд. Баҳмутҳо гала-гала зиндагӣ мекунанд (Баҳмутҳои пири нарина танҳо мегарданд). Ғизои Баҳмут набототи обӣ аст. Модинааш як бача мезояд. Баҳмут дар шароити нигоҳубини сунъӣ низ насл меоварад.
Баҳмути реза (Баҳмути либерийӣ) аз Баҳмути муқаррарӣ бо хурд будани ҷуссааш фарқ мекунад. Дарозии танаш 1,5-1,75 м, баландиаш то сари шона тақрибан 1 м, вазнаш 160—240 кг. Асосан шабона мегардад. Дар обҳои бешазори тропикӣ сукунат дорад. Бисёр вақтҳо аз як мавзеъ ба мавзеи дигар ҷой иваз мекунад. Ғизои Баҳмути реза бехи рустаниҳо аст. Солҳои охир саршумори он хеле кам шудааст. Бинобар ин, онро ба Китоби сурх ворид кардаанд. Баҳмутро дар бисёр кишварҳо дар боғи ҳайвонот нигоҳ медоранд.
Баҳмут |
---|
|
|
Hippopotamidae Gray, 1821 |
|
†Trilobophorous Geze, 1985
Hippopotaminae Gray, 1821
† Kenyapotaminae Pickford, 1983
|
|